Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 500 шаҳрвандашро аз Кобул берун мебарад


Сафорати Русия дар Кобул
Сафорати Русия дар Кобул

Вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми август гуфт, чор ҳавопаймои низомии ин кишвар аз Афғонистон беш аз 500 шаҳрванди ин кишварро берун мебарад. Толибон гуфтаанд, ки то таърихи 31-уми август бояд ҷараёни тарки кишвар кардани хориҷиҳо хотима ёбад. Дар канори шаҳрвандони Русия аз Афғонистон бояд аъзои кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Украина ба берун интиқол дода шаванд. Ба узвияти СПАД Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам шомил ҳастанд. Қаблан сафорати Русия дар Кобул гуфта буд, ки ба фарқ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ғарбу Аврупо садҳо ҳамкори сафорати Русия корашонро дар Кобул идома медиҳанд. Маълум нест, ки русҳои аз Афғонистон беруншавана корманди сафорат ҳам ҳастанд ё на.

XS
SM
MD
LG