Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё тақрибан тамоми бритониёиҳои бидуни душаҳрвандиро аз Афғонистон баровард


Доминик Рааб, вазири корҳои хориҷии Бритониё
Доминик Рааб, вазири корҳои хориҷии Бритониё

Вазири корҳои хориҷии Бритониё Доминик Рааб рӯзи 25-уми август гуфт, ки тақрибан тамоми бритониёиҳои бидуни шаҳрвандии дугона аз Афғонистон берун бурда шуданд. Рааб, ки бо Sky News сӯҳбат мекард, гуфт, ки қисми калони бритониёиҳо “ба хона оварда шуданд”. Ӯ гуфт, ки танҳо дар 24 соати гузашта 2 ҳазор нафар аз Бритониё ба Кобул интиқол ёфтанд ва Лондон бо шарикони минтақаиаш Ҳинду Покистон аз наздик ҳамкорӣ мекунад. Рааб гуфт, умедвор аст, ки баъди хатми ҷараёни берункашии нирӯҳо ва мардум аз Афғонистон фурудгоҳи Кобул дубора ба кори маъмулии худ идома медиҳад. Нашрияи Guardian рӯзи 24-уми август хабар дод, ки ҳавопаймои охирини ширкати Royal Air Force дар 24 то 36 соати баъдӣ аз Афғонистон берун мешавад. Толибон тақозо кардаанд, ки тамоми корҳои марбут ба тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ то 31-уми август хотима ёбанд.

Рааб инчунин гуфт, ки аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ-ро мехоҳад водор кунад, ки “то андозаи мумкин” ба Афғонистони зери назари Толибон розӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG