Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Амрико нақша дорад, амалиёташро дар Афғонистон то 31 август поён диҳад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Иёлоти Муттаҳида ҳадаф дорад, ки ҳамаи амалиёти низомиҳояшро дар Афғонистон, аз ҷумла, берунории шаҳрвандони хориҷӣ ва қисман афғонистониҳоро то рӯзи 31-уми август поён диҳад.

Амалиёт идома дорад, аммо анҷоми он дар муҳлати таъйиншуда аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Толибон” низ вобаста аст. Дар ин бора рӯзи сешанбе президенти Амрико, Ҷо Байден, изҳори назар кард.

Вай гуфт, аз Вазорати мудофиа ва Департаменти давлатии кишвараш хостааст, нақшаи иловагиро барои ҳолатҳои ғайримунтазира таҳия кунанд.

"Мо ҳарчи бештар онҷо монем, хатари ҳамлаҳои террористӣ ҳамон андоза афзоиш меёбад", -- гуфт Байден.

Вазорати мудофиаи Амрико низ тавсия додааст, ки муҳлати беруноии низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дароз нашавад.

Ба ин тартиб, Иёлоти Муттаҳида ҳадаф дорад, ки то 31-уми август ҳамаи дипломатҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонистониҳоеро, ки бо созмонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доштанд, аз он кишвар берун орад.

XS
SM
MD
LG