Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, Русия нирӯҳои Амрикоро дар Осиёи Марказӣ дидан намехоҳад


24-уми август, Будапешт. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров
24-уми август, Будапешт. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфт, Маскав намехоҳад, ки нирӯҳои Амрикоро дар хоки Осиёи Марказӣ бубинад, чун, ба гуфтаи ӯ, минтақаро таҳти хатари ҳамлаҳо қарор дода метавонад.

Лавров 24-уми август дар шаҳри Будапешт, пойтахти Маҷористон (Венгрия), бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Петер Сийарто, дидору мулоқоте дошт. Ӯ баъд аз ин дар нишасти хабарӣ гуфт, Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асоси созишҳои амниятӣ "фазои муштарак" дорад.

Ин мансабдори Русия афзуд, пешниҳоди Вашингтон барои дар минтақа ҷой кардани паноҳандагони Афғонистон суботи минтақаро ба ҳам мезанад. "Дар хоки Осиёи Марказӣ ҷой додани нирӯҳои Амрико билофосила онҳоро мавриди ҳадаф қарор медиҳад", -- шарҳ дод вай.

Сергей Лавров таъкид кард, ки Русия дар канори Чин, Амрико ва Покистон омода аст дар ҷараёни ҳалли бӯҳрони ҷории Афғонистон иштирок кунад, ки бо ишғол шудани Кобул ва аксар манотиқи Афғонистон аз ҷониби "Толибон" дар дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад.

Ларов гуфт, қарор аст, вазъи Афғонистон миёнаҳои моҳи сенябри имсол дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баррасӣ шавад.

Ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон шомил мешаванд. Афғонистон соли 2012 ба ин созмон ба ҳайси нозир дохил шуд.

XS
SM
MD
LG