Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши фасоди молӣ дар фоҷиаи Афғонистон


Кобули зери назорати "Толибон"

Фаридун Хованд, иқтисоддон

Радиои Фардо

Пирӯзии бисёр осони "Толибон" бар низоми сиёсии ҳоким дар Афғонистон, ки дунёро шигифтзада кард, оғози фасли нав на танҳо барои ин кишвар, балки барои Ховари Миёна, Осиёи Миёна, Қафқоз ва шимоли Африқо аст.

Сухан бар сари "пулҳои бодоварда" ё “пулҳои бедардимиён”-е аст, ки бо нияти эҷоди муъҷиза дар шарёнҳои иқтисодии як кишвар ба ҷараён меуфтанд, аммо ба далелҳои гуногун ба заҳр бадал мешаванд.

Бо тавваҷуҳ ба сармоягузории бисёр калони қудратҳои ғарбӣ, бавижа Амрико, дар пайдоиш ва ҳифзи низоми вожгуншудаи Афғонистон, бозгашти "Толибон" ба Кобул сарусадои ҷаҳонӣ пайдо кард ва бешак дар шаклбандии робитаҳои байнулмилалӣ таъсири чашмгир дорад.

Он чи дар ин миён беш аз ҳама шигифт офарид, зуд фурӯ рехтани як низоми сиёсӣ аст, ки ҳудуди бист сол аз пуштибонии истисноии ҷомеаи байнулмилалӣ бархӯрдор буд ва дар Афғонистон ҳукумат кард.

Омили асосӣ кадом аст?

Фурӯпошии барқосои низоми ҳоким бар Афғонистонро наметавон танҳо ба як омил вобаста донист. Аз миёни маҷмӯаи омилҳои дохилӣ ва берунии падидорандаи ин ҳодиса яке аз муҳимтарини онҳо фасод аст. Офате, ки аз оғоз то поён, қадам ба қадам, ба тамоми тору пуди ин низом рахна кард ва ҳаргуна иродаи ислоҳу пойдориро аз он гирифт.

Фаридун Хованд
Фаридун Хованд

Фасод дар Афғонистон умдатан аз манбае сарчашма гирифт, ки қарор буд ин кишварро аз дӯзахи фақру ошӯб берун оварда, ба як кишвари нави демократӣ бо иқтисоди шукуфо дар минтақа табдил кунад.

Сухан дар бораи бастаи ёриҳои хориҷӣ аст, ки ба зидди худ бадал шуд ва ба ҷойи он ки барои ба пой хестани Афғонистон хидмат кунад, онро бештару бештар ба табоҳӣ бурд.

Вале фасоде, ки ба пӯсида шудани низоми сиёсии Афғонистон доман зад ва барои ба вуҷуд омадани фоҷиаи як ҳафта пеш дар он кишвар нақши муҳим бозид, як падидаи истисноӣ нест. Он чӣ тайи бист соли гузашта дар ин кишвар гузашт, камобеш бо рӯйдодҳои ба ин монанд қобили муқоиса аст, ки шумори нисбатан зиёде аз кишварҳои дар ҳоли рушдро аз роҳи пешрафт боздоштааст.

Сухан бар сари "пулҳои бодоварда" ё “пулҳои бедардимиён”-е аст, ки бо нияти эҷоди муъҷиза дар шарёнҳои иқтисодии як кишвар ба ҷараён меуфтанд, аммо ба далелҳои гуногун ба заҳр бадал мешаванд. Фарқе намекунад, ки “пулҳои бодоварда” аз даромадҳои ҳангуфти нафт сарчашма гирифта бошад ё аз ёриҳои хориҷӣ ва ё аз ҷобаҷоии сарват дар даруни як кишвар.

Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин пулҳое агар ба гунаҳои нодуруст ҳазина шаванд, ба ҷойи ба ҳаракат даровардани локомотиви рушд ва дигаргун кардани сохторҳои кӯҳнаи иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ, баръакс, решаҳои пешрафтро мехушконанд ва танҳо хонаи фурсатталабону ғоратгаронро обод мекунанд.

  • Бо гуфтани ин суханон ба чӣ натиҷа мехоҳем бирасем?
  • Оё бояд дари чоҳҳои нафтро баст ё пеши кумакҳои хориҷиро гирифт?
  • Магар Амрикову Англия ва Норвегия манобеи нафтии худро дар хидмати пешрафту рифоҳи мардумашон ба кор нагирифтанд?
  • Магари ёриҳои хориҷӣ дар шуморе аз мавридҳо ба берун шудани кишварҳо аз гирдоби душвориҳо ёрӣ нарасонданд?

Посухи ин пурсишҳо мусбат аст. Он чӣ беш аз ҳама аҳамият дорад, чигунагии истифода аз “фоидаи нафтӣ” ё кумакҳои хориҷӣ аст. Амрикову Норвегия ҳар як бо равишҳои худ манобеи нафтиашонро дар хидмати рушд ва рифоҳи мардуми худ ба кор гирифтанд. Ҳол он ки бисёре аз режимҳои Ховари Миёна ҳамон манобеъро ба аҳруме дар хидмати ғоратгарону вайронгарон табдил додаанд.

Таҷрибаи Эрон дар ин замина бисёр гӯёст. Иғроқомез нест, агар бигӯем, даромади нафт бар сайри таҳаввулоти сиёсии ин кишвар ба вижа инқилоби исломӣ ва сохторҳову рафторҳои низоми баромада аз он ба шиддат таъсир гузошт.

"Кӯчондан"-и сарват аз ин минтақа ба он минтақа

Ҳатто дар даруни як кишвар агар интиқоли манобеъ аз минтақаҳои пурдаромад ба гӯшаҳои фақир бо пешшартҳои лозим сурат нагирад, метавонад, ҳамон ногувориро ба вуҷуд биоварад, ки дар кишварҳои бархӯрдор аз даромадҳои нафту газ дида мешавад.

Дар пайи ваҳдати Итолиё дар қарни нуздаҳум сарвати бузурге ба сурати давомдор аз минтақаҳои саноатии заҳматкаши ин кишвар дар шимол ба минтақаҳои ҷанубии он бурда шуд. Бахше аз вопасмондагӣ ва ҳатто рушди мафия дар ҷануби Итолиё ба ҳамин ҷобаҷоии даромадҳо нисбат дода мешавад. Дар воқеъ, ҷануби Итолиё “бартарӣ”-и худро дар он дид, ки ба ҷойи кор кардан дар шуморе аз арсаҳои саноатӣ ва кишоварзиву хадамотӣ асосан дар “шикор”-и фоида аз шимолу сарватҳояш буд.

Занону кӯдакон дар ҳоли фирор аз Афғонистон. Фурудгоҳи Кобул, 19-уми августи 2021
Занону кӯдакон дар ҳоли фирор аз Афғонистон. Фурудгоҳи Кобул, 19-уми августи 2021

Юнон низ пас аз пайвастан ба Аврупо бо падидаи интиқоли «пулҳои бодоварда» рӯбарӯ шуд ва бо баҳрабардорӣ аз ин мавқеият пеш аз он ки ба тавсеаи пойдори иқтисодии худ фикр кунад, дар ҷазби пулҳои бедардимиён ва дарёфти қарзҳои осон шуд. Ин кишвар дар пайи буҳрони молии 2008 амалан ба як кишвари варшикаста бадал шуд, ки бе пуштибонии Иттиҳоди Аврупо наметавонист қоматашро рост кунад.

Дар Афғонистон ҳам анбуҳи кумакҳои хориҷӣ пеш аз он ки дар хизмати манофеи дарозмуддати ин кишвар ба кор бурда шавад, ба омили беэътимодӣ миёни дастгоҳҳои ҳукумату шаҳрвандон ва ларзонак кардани ҳарчи бештари сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар табдил шуд. Ин ногуворӣ дар канори омилҳои дигари таърихӣ ва фарҳангиву ҷамъиятӣ ва геополитикӣ, Афғонистонро ба ҷое расонданд, ки имрӯз мебинем.

Фалсафаи кумакҳои хориҷӣ

Дар баррасии таъсири кумакҳои хориҷӣ бар вазъияти Афғонистон таъкид ба як нукта аҳамияти асосӣ дорад. Ин ки ҳеч кишваре дар роҳи ризои Худо ба кишвари дигаре кумак намекунад. Ин вазифаи кишвари дарёфткунандаи ёрӣ аст, ки ҷанбаҳои мусбат ва манфии доду ситадро бисанҷад, то бидонад оё манофеи ӯ бо интизориҳои кишвари кумаккунанда ҳамоҳанг аст ё на.

Дар ин миён чи басо тарҳҳое буданд, ки ба номи бозсозии кишвар миллионҳо доллар дарёфт карданд. Аз ҷумла барои сохтани роҳҳову пулҳое, ки шаш моҳ баъд аз поёни тарҳ вайрон мешуданд.

Барои равшантар шудани фалсафаи кумакҳои хориҷӣ ба муҳимтарин ва машҳуртарин ва муътабартарин барномаи кумакҳои иқтисодӣ ишора мекунем, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум зери унвони “тарҳи Маршал” аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ба иҷро гузошта шуд.

Фазои он замонро ба ёд биоварем. Амрико танҳо қудрате буд, ки на танҳо ба пирӯзии низомӣ даст ёфт, балки дар мақоми бузургтарин қудрати иқтисодӣ аз ҷанг берун омад. Қудратҳои мағлуб ба вижа Олмону Ҷопон бо вайронгариҳои бимангез даст ба гиребон буданд. Дар чунин фазо Ҷорҷ Маршал, вазири умури хориҷии Амрико, дар соли 1947 тарҳи машҳури худро барои кумак ба бозсозии Аврупо пешниҳод кард.

Пайравони нави Иттиҳоди Шуравии собиқ ин пешниҳодро рад карданд ва танҳо 16 кишвар дар Аврупои Ғарбӣ ба пешниҳоди Амрико посухи мусбат доданд. Кулли кумаке, ки Вашингтон дар фосилаи солҳои 1948 то 1951 дар ихтиёри аврупоиҳо гузошт, бо доллари он рӯз ба 13 миллиард мерасад (баробар ба 130 миллиард долари имрӯз).

Соддагӣ хоҳад буд, агар фикр кунем, ки додани ин кумак ба Аврупо аз иродаи Амрико ба бахшиш сарчашма гирифта буд. Ҳадаф чизи дигар ё беҳтар аст бигӯем чизҳои дигар буд. Дар он солҳо аврупоиҳо дар таби душвориҳои пас аз ҷанги дувум месӯхтанд ва миллионҳо нафар аз онҳо гурусна буданд. Шӯравии коммунистӣ дар камин нишаста буд, то бо кумаки муттаҳидони худ кишварҳои муҳимме чун Фаронса ва Итолиёро ба «урдугоҳи сотсиализм» ҷалб кунад.

Дар воқеъ, Вашингтон бо эътои кумак дар чорчӯби «тарҳи Маршал» беш аз ҳама ба манфиатҳои стратегии худ меандешид, зеро намехост тамоми қораи Аврупоро ба Сталин бисупорад.

Ҳамзамон фаромӯш накунем, ки аврупоиҳо кумакҳои молии Вашингтонро дар роҳи харидани гандум ва сӯзишворӣ ва дастгоҳҳо мошинолот аз Амрико ба кор мегирифтанд ва ба ин тартиб ҳам ба иқтисодҳои худ ҷон медоданд ва ҳам ба иқтисоди Амрико.

Хулоса кунем: муваффақияти бузурги “тарҳи Маршал” дар он буд, ки ҳам манофеъ ва ҳадафҳои кишвари кумаккунандаро таъмин мекард ва ҳам ниёзҳои кишвари дарёфткунандаи ёриро. Дар воқеъ, ин тарҳ ба аврупоиҳо иҷоза дод, осонтару зудтар аз он чи пешбинӣ мешуд, бар душвориҳои иқтисодии худ ғолиб оянд ва тавони муқовиматашонро дар баробари коммунизм қувват бахшанд.

"Мафияи ҳазорсар"

Акнун сарнавишти ёриҳои хориҷиро, ки тайи бист соли гузашта ба Афғонистон эъто шуд, бо он чи дар чорчӯби “тарҳи Маршал” дар ихтиёри 16 кишвари аврупои ғарбӣ қарор гирифт, муқоиса кунем. Таъкид мекунем, дар ин баррасӣ ба миқдори ҳангуфти кумакҳои низомӣ нахоҳем пардохт. Танҳо ба кумакҳои ғайринизомӣ дар ростои бозсозии Афғонистон ишора хоҳем кард.

Мардум дар фикри берун рафтан аз Кобул. Фурудгоҳ, 19-уми августи 2021
Мардум дар фикри берун рафтан аз Кобул. Фурудгоҳ, 19-уми августи 2021

Дар пайи ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри 2001, ки ба мудохилаи низомии Вашингтон дар Афғонистон ва вожгун шудани Толибон анҷомид, ҳукумати нави ин кишвар ба раёсати Ҳомид Карзай ба сари кор омад. Дар гузорише аз 30-юми июли 2014 гуфта мешавад, ки пас аз 13 соли низоми пасотолибонӣ миқдори кумакҳои Амрико барои бозсозии Афғонистон ҳудуди шаш миллиард доллар аз кулли ёриҳои молии Амрико ба 16 кишвари аврупоӣ дар чорчӯби “тарҳи Маршал” фаротар рафтааст.

Аз замони интишори ин гузориш то вожгун шудани низоми сиёсии Афғонистон тавассути толибон дар 15-уми августи 2021 ҳафт сол гузашт ва ҳаҷми кумакҳои ғайринизомии Амрико ба давлатҳои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ эҳтимол ба ҳудуди ду баробар ёриҳои додашуда дар қолаби “тарҳи Маршал” расидааст.

Фаромӯш накунем, ки дар фосилаи 20 сол миёни вожгунии ҳукумати аввали Толибон дар соли 2001 ва бозгашти онҳо ба қудрат дар соли 2021, Афғонистон аз кумакҳои дигари кишварҳои сирватманд ва низ созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчун Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байнулмилалии Пул ба гунае саховатмандона бархӯрдор шуд.

Ин ҳаҷми азими кумакҳои молии хориҷӣ дар қолаби доллару евро ва дигар арзҳо куҷо рафтанд? Воқеият он аст, ки Афғонистон ба далели гирифтор омадан дар чанги як мафияи ҳазорсар як фурсати бузурги таърихиро аз даст дод ва ба ҷойи мудирияти ин сарвати бузург дар хидмати манофеи миллат, онро ҳамчун «пулҳои бодоварда» ба ҷайби кушоди тамаъкорон сарозер кард.

Агар ба гузориши созмони Шаффофияти Байнулмилалӣ дар соли 2020 нигоҳе бияндозем, хоҳем дид, ки Афғонистон аз лиҳози фасод дар миёни 180 кишвари мавриди баррасӣ дар радаи 165 ҷой гирифтааст.

Дар ҳамон панҷ соли аввали раёсати ҷумҳурии Ҳомид Карзай шакке бар ҷой намонд, ки низоми сиёсии Афғонистон ба як «қудрати такязада бар фасод» бадал шудааст. Шумори зиёде аз ҷангсолорону шахсиятҳои маҳаллии Афғонистон барои даст ёфтан ба «саҳм»-и худ аз ёриҳои хориҷӣ дар рақобати доимӣ ба сар мебурданду ғанимати худро ба сохти кохҳои муҷаллал ё афзудани рақамҳои нав ба ҳисобҳои хориҷияшон ихтисос медоданд.

Шӯрбахтона, бояд пазируфт, ки тохтутози фосидон дар ин давра эътибори демократияро зери суол бурд ва боварии ҷомеаи маданиро ба ниҳодҳои сиёсии кишвар оҳиста-оҳиста аз байн бурд. Ҳамин беэътимодӣ яке аз омилҳои асосии камбуди муқовимат ва дар натиҷа фурӯрезии барқосои низоми пешини Кобул буд.

Созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ низ бо соҳибони нуфуз дар Афғонистон дар ин ғорат саҳим шуданд. Дар ин миён чи басо тарҳҳое буданд, ки ба номи бозсозии кишвар миллионҳо доллар дарёфт карданд, аз ҷумла барои сохтани роҳҳову пулҳое, ки шаш моҳ баъд аз поёни тарҳ вайрон мешуданд.

Дубай – “говсандуқи навкисаҳои Афғонистон”

Миқдори қобили мулоҳизае аз миллиардҳо доллари бадастомада роҳи Дубайро дар пеш мегирифтанд. Бахши бисёр бузурге аз афкори умуми Афғонистон медонист, ки Дубай ба говсандуқи навкисаҳои Афғонистон бадал шудааст.

Ба баёни дигар, пули бадастомада тавассути «афғонҳои Дубай» ба ғорат мерафт. Шумори зиёде аз афроди хонаводаҳои машҳури Афғонистон, ки аҳрумҳои мудирияти кишварро ба даст доштанд, дар ҷобаҷоии сарват аз Кобул ба Дубай саҳм доштанд.

Хариди ҳангуфти маскан дар Дубай тавассути афғонҳои фоидахӯр солҳо нақли маҳофили Афғонистон буд, аз ҷумла дар моҷарои ҷанҷолии варшикастагии “Кобул Банк” дар соли 2010. Ин муассисаи молӣ, ки аз соли 2002 қарор буд нақши муҳиммеро дар бозсозии Афғонистон бибозад, худ ба яке аз марказҳои бузурги фасоди молӣ дар кишвар бадал шуд ва дар интиқоли дороиҳои ғайриқонунӣ ба хориҷ аз кишвар бисёр фаъол буд.

Омили умдаи варшикастагии “Кобул Банк" бардошти ғайриқонунии ҳудуди як миллиард доллар аз манобеи он тавассути мудиронаш буд. Маҳмуд Карзай, бародари Ҳомид Карзай, дар зумраи муттаҳамони ин расвоӣ буд. Бахши қобили мулоҳизае аз ин дуздӣ табъан роҳии Дубай шуд ва аз ҷумла ба харидани хона ҷудо шуд.

Инҳо намунаҳоест аз фасоди доманадоре, ки тайи бист соли гузашта домани Афғонистонро гирифту зарбаҳои сангиниро бар фароянди пешрафти озодӣ дар ин кишвар ворид овард. Шӯрбахтона, бояд пазируфт, ки тохтутози фосидон дар ин давра эътибори демократияро зери суол бурд ва боварии ҷомеаи маданиро ба ниҳодҳои сиёсии кишвар оҳиста-оҳиста аз байн бурд. Ҳамин беэътимодӣ яке аз омилҳои асосии камбуди муқовимат ва дар натиҷа фурӯрезии барқосои низоми пешини Кобул буд.

Ба рағми фарҷоми бисёр талхи таҷрибаи мардумсолорӣ дар Афғонистон, шакке нест, ки дар 20 соли гузашта бисёре аз занону мардони ин кишвар барои хориҷ шудан аз вопасмондагӣ ва сохтани кишвари нав фидокориҳо карданд. Дигаргуниҳои бузурге, ки ба ҳиммати онҳо ба вижа дар арсаи фарҳангӣ ба вуҷуд омадааст, аз байн рафтанӣ нест.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG