Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари бонки марказии Афғонистон ояндаи сангинеро барои иқтисоди ин кишвар пешгӯӣ кард


Аҷмал Аҳмадӣ (аз рост) раиси Бонки марказии Афғонистон, ки кишварро тарк кардааст
Аҷмал Аҳмадӣ (аз рост) раиси Бонки марказии Афғонистон, ки кишварро тарк кардааст

Раҳбари Бонки марказии Афғонистон, ки кишварро тарк кардааст, гуфт, дар аҳди Толибон кишвар бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯбарӯ мешавад. Аҷмал Аҳмадӣ, ки раҳбарии “Да Афғонистон бонк”-ро ба ӯҳда дошт, дар сӯҳбат бо Bloomberg рӯзи 22-юми август гуфт, ки қурби поини пули миллӣ, таварруми афзоянда ва нархи баланди маводи воридотӣ аз мушкилоте хоҳад буд, ки дар фурсати наздик дар пешорӯи Афғонистон қарор дорад. Аҳмадӣ гуфт, баъди масдуд шудани 9,4 миллиард доллар маблағҳои Афғонистон иқтисоди бе ин ҳам заъифи кишвар дучори мушкилоти сангин мешавад. Ба иловаи пулҳои масдудшуда дар ИМА, Сандуқи байналмилалии асъор гуфт, ки ҳукумати нави Толибон аз қарзгирӣ маҳрум мешавад. Аз ҷумла, қарор буд, ки 23-юми август ин кишвар 500 миллион доллар маблағҳои нав бигирад, вале ин пулҳо ҳам масдуд шуданд. Аҳмадӣ гуфт, ин кишвар аз пеш бо мушкили COVID-19, хушксолӣ ва мардуми беҷошуда мушкил дошт ва вазъияти феълӣ “воқеан ҳам чолишбарангез шудааст”.

Афғонистон як кишвари нодори ҷаҳон мебошад ва аз ёриҳои хориҷӣ сахт вобаста мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, 70 дарсади буҷаи ҳукумат аз ҳисоби кӯмакҳои байналмилалӣ ташаккул меёфт. Дар давраи Толибон интизор меравад, ки қисми аксари кӯмакҳо масдуд мешаванд. Аҳмадӣ гуфт, ки эҳтимолан Толибон дар талоши ҷойивазкунии ИМА дар иқтисод аз Чин ва Покистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ кӯмакхоҳӣ кунанд, вале “ин як вазъияти воқеан ҳам сахт хоҳад буд”.

XS
SM
MD
LG