Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедоргариҳои "Делта" дар пойтахти Туркманистон


Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон навъи "Делта"-и коронавирус бо суръат паҳн шуда, шумори гирифторони нав ва фавтҳо аз вирус низ то рафт афзоиш меёбад.

Беморхонаҳои шаҳр пур аз беморон буда, баъзе аз мубталоёнро дар долонҳо ҷой кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар бештари маврид табибон аз бистарӣ кардани гирифторони вирус худдорӣ мекунанд.

"Ҳамаи беморхонаҳои Ишқобод пур аз бемор аст. Ҳолатҳои фавт низ зиёд шудааст. Ҳатто онҳое низ, ки эм шудаанд, ба коронавирус гирифтор мешаванд. Сокинон бемориро вазнин мегузаронанд ва аксари онҳо аз нафастангӣ азият мекашанд. Дар баъзе аз беморхонаҳо беморонро қабул намекунанд. Мегӯянд, рафта, дар хона табобат гиред", - изҳор дошт як сокини Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш.

Дар вилояти Марии Туркманистон, ки яке аз "лонаҳо"-и коронавирус шумурда мешавад, боз як деҳаи дигарро пурра карантин кардаанд. Пештар бахши туркмании Радиои Озодӣ аз карантин шудани деҳаи ​"Гараҷаков" хабар дода буд.

"Ҳамакнун деҳаи Куйгиши ноҳияи Мурғобро ҳам пурра карантин карданд. Дар ин деҳа шумори мубталоёни коронавирус рӯз то рӯз бештар мешавад. Ҳар рӯз чандин одам дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол меёбанд.", - хабар дод як сокини Марӣ.

Мақомоти Туркманистон бо вуҷуди ин вазъ ҳамоно иддао доранд, ки аз аввали пандемияи коронавирус то ба ҳол дар ин кишвар ягон кас ба коронавируси нав мубтало нашудааст.

XS
SM
MD
LG