Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатдори маршировкаи ҷашни истиқлолият: "Бо ихроҷ аз донишгоҳ таҳдид мекунанд"


Донишҷӯёни тоҷик дар иди истиқлолияти соли 2014 дар иҷрои барномаи ҳунарие ҷалб шудаанд
Донишҷӯёни тоҷик дар иди истиқлолияти соли 2014 дар иҷрои барномаи ҳунарие ҷалб шудаанд

Як корбари Радиои Озодӣ дар Душанбе наворе фиристода, шикоят намуд, ки донишҷӯёнро ба маршировкаҳои ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб намуда, ба онҳо ҳушдор додаанд, ки агар аз иштирок дар ин чорабинӣ саркашӣ кунанд, аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд. Донишҷӯёни донишгоҳҳои муқими Душанбе чандин моҳ аст, ки барои таҷлили 30-солагии истиқлол дар роҳпаймоиҳо машқ мекунанд ва ин қарори мақомот интиқодҳои зиёдеро ба миён овардааст. Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи маршировка он қадар баҳсе ба миён омадааст, ки “гӯё дар Тоҷикистон ягон мушкилоти дигар набошад.” Рӯзи панҷшанбе сардори идораи фарҳанги шаҳрдории Душанбе ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, ки сар аз ҳафтаи оянда тамрини ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон , яъне маршировкаҳои донишҷӯён шоми дер баргузор мешаванд. Нуралӣ Шоҳиён иброз доштааст, ки тамринҳо аз соати 20:30 то 22:00 доир мешаванд ва шаҳрдорӣ донишҷӯёнро бо нақлиёт таъмин мекунад. “Авесто” илова кардааст, ки феълан тамрини бахшҳои ҷудогонаи ҷашни истиқлол дар ҳафт варзишгоҳи пойтахт идома доранд, вале ҷашни марказии истиқлол дар Наврузгоҳи шаҳри Душанбе 9-уми сентябр дар Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG