Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Толибон аз имомхатибҳо: ваҳдатро тарғиб кунед, то мардум нагурезад


18-уми август, фурудгоҳи Кобул
18-уми август, фурудгоҳи Кобул

Дар нахустин намози ҷумъа баъди ишғол шудани шаҳри Кобул Толибон аз имомхатибҳои Афғонистон талаб карданд, ки ваҳдати миллиро тарғиб кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи таҷлили истиқлолияти Афғонистон - 19-уми август дар чанд шаҳри ин кишвар эътирозҳои худҷӯш барпо шуд. Толибон рӯзи 15-уми август шаҳри Кобулро ишғол карданд ва ваъда доданд, ки як ҳукумати фарогире дар чаҳорчӯби шариати исломӣ бунёд мекунанд, вале рӯзи панҷшанбе аз чандин минтақа гузориш омад, ки Толибон зидди эътирозгарон хушунатро раво диданд. Дар паёме ба намозгузорон рӯзи ҷумъа Толибон гуфтанд, имомхатибон бояд “ҳамватанонро барои рушди кишвар ташвиқ карда нагузоранд, ки мамлакатро тарк кунанд” ва ҳам ба “таблиғоти манфии душман” муқовимат бикунанд.

Дар умум, кӯчаҳои Кобул асосан ором буд, ҷангиён дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт пиёдаву савори мошин гардиш мекунанд, тиҷорат аз нав зинда мешавад. Вале бонку идораҳои давлатӣ баста боқӣ мемонанд.

Дар фурудгоҳ таҳти назари сарбозони амрикоиву муттафиқон амалиёти азими интиқоли мардум идома дорад. Рӯзи 19-уми август генерал-майор Ҳанк Тейлор ба матбуот гуфт, ки аз 14-уми август то кунун низомиёни амрикоӣ тавонистанд 7 ҳазор нафарро берун баранд ва ба гуфтаи Пентагон, ба назар мерасад, ки Толибон барои берун бурдани мардум ҳамкорӣ мекунанд. Вале айни замон, тибқи гузоришҳо, ҷангиёни Толибон посгоҳҳои низомӣ ташкил карда бархе шаҳрвандонро намегузоранд, ки ба фурудгоҳ бирасанд. Ишғол шудани Кобул аз ҷониби Толибон боиси воҳимаву тарси азиме шуд ва мардуми зиёде 16-уми август ба фурудгоҳ рафта талош карданд ба ҳавопаймоҳо роҳ ёбанд. Дар ин ҳодисаҳо чанд нафар ҷон дод.

XS
SM
MD
LG