Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвои католикҳои ҷаҳон аз мардум хост, ки эм кунанд


Поп Франсис
Поп Франсис

Поп Франсиси 84-сола, пешвои католикҳои ҷаҳон, аз мардум даъват кард, ки ба зидди бемории COVID-19 эм кунанд. Вай рӯзи 18-уми август гуфт, ваксинаҳои зидди бемории ҳамагир барои поён додан ба аҳди пандемия умед мебахшанд.

"Шукри Худо, натиҷаи кори бисёриҳост, ки ҳоло ваксинаҳо дорем ва онҳоро моро аз COVID-19 муҳофизат мекунанд", -- гуфт пешвои беш аз як миллиард католик дар ҷаҳон. Вай дар паёми видеоӣ афзуд, “эмкунӣ роҳи содда, вале бисёр муҳим ва ғамхорӣ нисбат ба якдигар, хусусан осебпазирҳо аст.”

Ваксинаҳои зидди коронавирус дар кишварҳои сарватманд ба таври густарда дастрасанд. Кишварҳои фақир дастрасии маҳдуд доранд. Айни замон дудилагӣ ва нобоварӣ боис шудааст, ки иддае эм карда нашаванд.

“Ваксинаҳо ба мо умеди хотима додан ба пандемияро медиҳанд, вале танҳо агар барои ҳама дастрас бошанд ва агар якҷоя кор кунем", -- гуфт Франсис.

Попи Рум моҳи марти имсол ваксина гирифтааст.

XS
SM
MD
LG