Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон сафораташро дар Кобул холӣ кард


Парчами Ҳиндустон ва Афғонистон
Парчами Ҳиндустон ва Афғонистон

Ҳиндустон рӯзи 17-уми август сафораташро дар шаҳри Кобул холӣ кард. Намояндагиҳои дипломатии Русияву Чин ва Покистон айни ҳол фаъоланд.

Рафтани баъзе аз дипломатҳо аз Афғонистон баъди ба Кобул ворид шудани "Толибон" (15-уми август) сурат мегирад. Бо вуҷуди ин ки намояндагони гурӯҳ амнияти дипломатҳои хориҷиро замонат додаанд, ҳукуматҳо аз сарнавишти шаҳрвандони худ ва афғонҳои ҳамкорашон нигаронанд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Аримдам Багчӣ дар Твиттер навишт: "Бо назардошти ҳолатҳои мавҷуда, тасмим гирифта шуд, ки сафири мо дар Кобул ва кормандони дигар фавран ба Ҳиндустон кӯчанд."

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, як ҳавопаймои Ҳиндустон, ки ҳомили дипломатҳо буд, дар иёлати Ҳуҷарот поин омад.

Дар ҳамин ҳол, кордори сафорати Амрико дар Кобул, Росс Уилсон, хабарҳоро дар бораи тарк кардани Афғонистон рад кард. Вай дар Твиттер навишт: "Баръакси хабарҳои бардурӯғ, кормандони сафорати Иёлоти Муттаҳида ва ман дар Кобул мемонем, то ба ҳазорҳо шаҳрвандони Амрико ва афғонҳои осебпазир ёрӣ расонем."

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода гуфт, ки теъдоди кормандони сафорати ин кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG