Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шумори парвози ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон бештар мекунад


Ҳавопаймои ширкати "Сибир"
Ҳавопаймои ширкати "Сибир"

Мақомоти Русия тасмим доранд, аз 27-уми август парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Куриёи Ҷанубӣ ва Чехия аз сар гирифта, теъдоди парвозҳоро бо Маҷористон, Миср, Қибрис, Қирғизистон ва Тоҷикистон бештар кунанд.

Дар ин бора Ситоди федеролии мубориза бо пандемияи коронавирус дар Русия хабар додааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, аз 27-уми август дар масири Маскав-Душанбе ҳафтае 7 парвоз анҷом мешавад. Ба ҷуз ин, иҷозат дода хоҳад шуд, ки аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Кӯлоби Тоҷикистон ҳафтае як парвоз сурат бигирад.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия 1-уми апрел оғоз шуданд. Феълан ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр” миёни ду кишвар парвозҳои доимӣ анҷом медиҳанд. Бар илова, ширкатҳои “Уралские авиалини”, “Ямал” ва “Сибир” ҳам мусофиронро ба Русия мебаранд.

XS
SM
MD
LG