Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи сафари Бердимуҳаммадов дарҳои фурӯшгоҳҳоро бастанд, то навбатпоӣ нашавад


Шаҳри Туркманбошӣ, Туркманистон. Августи 2021.
Шаҳри Туркманбошӣ, Туркманистон. Августи 2021.

Сокинони Туркманистонро дар рӯзи сафари президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Туркманбошӣ нагузоштанд, ки пушти дари фурӯшгоҳҳо барои хариди маводи ғизоӣ навбат поянд.

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ сокинонро аз роҳ баргардонида, мегуфтанд, ки "президент дар шаҳр аст": "Ҷамъ шудани сокинон дар пушти дари фурӯшгоҳҳо дар ин вазъият хуб нест. Бигузор президент биравад, баъд дари фурӯшгоҳро боз мекунем".

Ба гуфтаи як сокини Туркманбошӣ, шаҳрвандон барои хариди маводи ғизоӣ ҳар рӯз маҷбур ҳастанд, ки ба фурӯшгоҳ раванд. Зеро дар хона дигар захираи маводи ғизоӣ намондааст.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, бо дастури шаҳрдори Туркманбошӣ сокинонеро, ки барои гирифтани нақдина дар назди бонкомат навбат меистодаанд, пароканда мекарданд.

Буҳрони иқтисодие, ки дар Туркманистон чандин сол мешавад ҳукмфармост, вазъи таъмини сокинон бо маводи ғизоиро дар он кишвар то рафт мушкилтар мекунад.

Президенти Туркманистон рӯзи 11 август ба шаҳри Туркманбошӣ сафар карда, дар ифтитоҳи як қисми низомӣ иштирок кард.

XS
SM
MD
LG