Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Узбекистон гуфт, як ҳавопаймои ҳарбии Афғонистонро задаанд


Ҷангандаи артиши Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Ҷангандаи артиши Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати мудофиаи Узбекистон рӯзи душанбе гуфт, ки як ҳавопаймои низомии Афғонистонро ҳангоми гузаштан аз сарҳад задаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳавопаймо шаби 15-уми август дар вилояти Сурхондарё афтодааст, аммо мақомот дақиқ нагуфтанд, ки дар дохили он чанд нафар буд. Баҳром Зулфиқоров, сухангӯйи Вазорати дифои Узбекистон, гуфт, "нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ аз убури ғайриқонунии як ҳавопаймои низомии Афғонистон пешгирӣ карданд." Қаблан оҷонси иттилооти РИА Новости хабар дод, ки халабон захмӣ шудааст. Бино бар аксҳое, ки нашр шудааст, пизишкон ба як нафари низомпӯш ёрии тиббӣ мерасонанд. Узбекистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Ҳукумати Узбекистон мегӯяд, шаби 14-уми август 84 сарбози афғон, аз ҷумла се захмиро ҳангоми гузаштан аз марз дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG