Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи марги шаҳрдори Кривой Рог таҳти назорати президент Зеленский мегузарад


Константин Павлов 48 сол дошт
Константин Павлов 48 сол дошт

Полиси Украина аз рӯи ҳодисаи марги шаҳрдори Кривой Рог, ки ҷасадаш рӯзи якшанбе ошкор шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Полис гуфт, ки ҷасади Константин Павлови 48-сола, як узви фаъоли ҳизби рӯ ба Русияи “Барои зиндагӣ” рӯзи 15-уми август дар хонааш дар деҳаи Вилно ошкор шуд. Ҷасад осори тири туфанг дорад. Полис гуфт, ки силоҳ ҳам дар дохили хона пайдо шуд ва тафтишот фарзияи куштор ва ҳам худкуширо баробар таҳқиқ мекунад. Президент Владимир Зеленский, ки худ зодаи Кривой Рог мебошад, дар изҳороте тавассути Телеграм гуфт, ки тафтиши марги Павловро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG