Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агентии нафақаи ҶТ: нукоти баҳсии шартномаи нафақаи муҳоҷирон бо Русия бартараф шуд


Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири кору даромад ба Русия мераванд
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири кору даромад ба Русия мераванд

Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран миёни ин ниҳод ва идораи нафақаи Русия видеоконфронсе баргузор шуд ва нукоти баҳсноки шартномаи нафақаи миёни ду кишвар бартараф гардид. Давлатзода дар як суҳбат бо нашрияи порлумонии "Садои мардум" гуфтааст, ки пас аз бартараф шудани нукоти баҳсӣ созишнома ба баррасии ҳукуматҳои ду кишвар ирсол шуд ва интизор меравад дар вохӯрии навбатии сарони ду кишвар ин санад ба имзо расад. Дар сурати ба имзо расидани ин созишнома муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳоло дар Русия ба таври расмӣ кор мекунанд, дар сурати бознишаста шудан аз нафақа дар Тоҷикистон бархурдор хоҳанд шуд. Айни замон, миёни Тоҷикистон ва Русия дар ин замина чунин созишномае вуҷуд наорад, аз ин рӯ муҳоҷирони бознишаста танҳо нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, ки ночиз буда андаке беш аз 200 сомонӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG