Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари ташкили паноҳгоҳҳо барои гурезаҳои афғон дар Қазоқистон рад шуд


Фурудгоҳи Кобул. Акс аз бойгонӣ.
Фурудгоҳи Кобул. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабари ташкили паноҳгоҳҳоро барои гурезаҳои афғон дар он кишвар рад кард.

Дар ин ниҳод ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари ташкил шудани паноҳгоҳҳои муваққат барои афғонистониҳое, ки дар сафорати Амрико кор мекарданд, ҳақиқат надорад.

"Хабари паҳншуда дурӯғ аст. Вазъ дар Афғонистон ҳар соат тағйир меёбад ва бинобар ин, дар бораи тасмими дақиқе ҳарф задан барвақт аст", - гуфт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадяров.

Пештар дар гурӯҳи телеграмии "Мансабдорон" хабаре паҳн шуд, ки гуё Қазоқистон барои ташкили паноҳгоҳҳои муваққат ба кормандони афғонистонии сафорати Амрико дар Кобул розӣ шудааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ин паноҳгоҳҳо дар ҷануби Қазоқистон, аз ҷумла вилояти Туркистон ташкил карда мешавад. Ҳамчунин омадааст, Қазоқистон дар навбати аввал то 2000 гурезаи афғонро қабул мекунад.

XS
SM
MD
LG