Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик хомӯшанд, мардум ба мақолаи расонаи Чин дар бораи танфурӯшӣ вокуниш карданд. ВИДЕО


Дар ҳоле ки мақомот расман ба матлаби сомонаи чинии "Мавҷи озод" дар мавриди танфурӯшӣ ва хадамоти арзони фоҳишаҳо дар Тоҷикистон посух надоданд, садҳо нафар дар Интернет ба он вокуниш карданд. Танҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ шарҳи 100 кас нашр шуд.

Аксари онҳо мақолаи нашрияи чиниро як навъ муаррифии ноҷои Тоҷикистон номида, аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар ва издивоҷи баъзе аз занони тоҷик бо хориҷиён низ танқид кардаанд. Гуруҳе дигар бовар доранд, робитаи занони тоҷик бо мардони маҳаллӣ, чинӣ ё ҳар каси дигар ҳаққу интихоби онҳост.

"Мавҷи озод" (网易-Wangyi), расонаи машҳур дар Чин, охири моҳи июни имсол навишт, ки дар Тоҷикистон 14 ҳазор фоҳиша ва 200 фоҳишахона бо хадамоти арзон мавҷуданд. Расона ин оморро натиҷаи пурсишҳои чанд созмон донист, вале на аз ташкилоте ва на аз замону тарзи баргузории пурсишҳо далел наовард.

"Стратегияи нав"?

Дар ин муддат мақомоти Тоҷикистон вокуниш накарданд, дар ҳоле ки се сол пеш Вазорати умури дохилӣ шумори занони “бадахлоқ”, бо шумули фоҳишаҳоро тақрибан 6 ҳазор кас шумурда буд.

Хонандае бо номи рамзии "Капиталист" дар сомонаи Радиои Озодӣ нигоштааст, дар Чин бе иҷозаи коммунистҳо пашша пар намезанад ва, аз ин рӯ, дар нашри мақола хукумати он кишвар даст дорад.

"Ҳукумати мо ҳатман вокуниш нишон диҳад. Ин мақола барои миллионҳо хитоӣ шояд аввалин тассавуротро дар бораи Тоҷикистон медиҳад. Агар инро беҷавоб гузорем, шояд як гуруҳ аз занону духтарони тоҷик дар чашми хитоиҳо ҳамчун фоҳишаҳои арзон монанд", -- навиштааст ӯ.

Як корбари дигар бе он ки номашро нависад, ба ин мазмун пайдо шудани мақолаҳоро дар Чин "стратегияи нави он кишвар" номидааст. Дигаре бовар дорад, "бо ин гапҳояшон ё моро дар назди ҳамсояҳо паст заданӣ мешаванд, ё мардони худро барои ба кор ба инҷо омадан ташвиқ мекунанд. Ин рафтори паст нисбат ба як миллат аст."

"Бо ҳама иҷозат, танҳо бо чиниҳо – не?"

Иддае гуфтаанд, ки танфурӯшӣ садсолаҳо боз ҳаст ва мемонад. Ва яке аз онҳо пурсидаст, "ҳамхобагӣ бо намояндагони миллатҳои дигар мумкин будааст ва чаро махсус бо чиниҳо иҷоза нест? Барои фоҳиша пул даркор аст, шаҳрвандии муштарӣ фарқ надорад."

Дар ҳоле ки баъзе аз шарҳнависон робитаи занони тоҷикро бо мардони чинӣ боис ба обрӯрезӣ хондаанд, шахсе бо номи "Ҷин" гуфтааст, "80 дарсади мардони тоҷик ба Русия рафтаву занони рус мегиред, ин ҳам айбу шарм нест?"

Гуноҳи кист?

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки барои ба вуҷуд омадани чунин ҳолат мансабдоронро танқид кардаанд. Шахсе бо номи рамзии “Муҳоҷир” гуфтааст, вақте ҷойи кор нест, занони бекор чӣ кунанд?

"Вақте ҷомеаи Тоҷикистон фасодзада аст, мардум чӣ кор кунад? Дар мактабу донишгоҳҳо ба ғайр аз рақсу сурудхонӣ дигар кор нест, духтарон чӣ ибрат бигиранд? Дар телевизион ва радиоҳои давлатӣ фақат базму тараб аст, духтарон чӣ ибрат бигиранд?" -- нигоштааст ӯ.

Дар мавриди бекории занон ва аз ин сабаб рӯй овардани онҳо ба танфурӯшӣ, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон охири моҳи июли имсол гуфт, бо онҳо суҳбат карда, барояшон кор пешниҳод кардаанд. "Вале, барои мисол, вақте мефаҳманд, ки моҳона 400 сомонӣ аст, мегӯянд, инро дар як шаб меёбем", -- гуфта буд ӯ.

Самира номи корбаре ҳам навиштааст: "Занҳо бо маоши кам кор намекунанд, бо роҳи "фоҳишагӣ" маблағи муфт ба даст меоранд. Намедонанд, ки баракати умр, баракати зиндагӣ, ҳаёти осоишта дар меҳнат кардану луқмаи ҳалол ба даст овардан аст..."

Дар гузашта чанде аз фоҳишаҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар асосан кӯтоҳдастӣ ва бекориро сабаби рӯй овардан ба ин кор дониста буданд.

Шахсе бо номи рамзии “Муаллими собиқ” ин баҳсро бо ин суол хулоса кардааст, ки “аҷабо, оё ин навиштаҳо (комментҳо)-ро Пешвои миллат, раиси Маҷлиси намояндагону депутатҳо, раиси Кумитаи давлатии амнияти милливу вазири корҳоӣ дохилӣ, додситону додрасҳои ҷумҳурӣ мехонда бошанд?"

Баҳси ин мавзуъ дар сомонаи Радиои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз идома дорад. Агар Шумо назари дигаре доред ё пешниҳоду гуфтание, лутфан, дар зери матлаб бинависед.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG