Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷарима пеши роҳи танфурӯширо намегирад, ҷои кор офаред". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Симкортҳоятонро дубора ба номатон сабт кардед ё не? Ва оё медонед, ки ҷарима барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд? Баҳсу даъво дар сомонаи Радиои Озодӣ ва Инстаграму Фейсбук ин ҳафта дар бораи ҳамин ду мавзӯъ зиёд буд.

Хабари дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо як қисмеро хурсанд кард ва гурӯҳи дигарро ба хашм овард.

Корбаре бо номи "Ҳалим М" дар ин бора дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст:

"Пули буҷаи давлатро дар ҳар гуна маросими беҳуда сарф мекунанд ва сипас бо қабули қарор ё қонуни нав он пулро барқарор менамоянд. Ба мисли гирифтани шиносномаи нав."

Корбаре бо номи Ҳабибов навиштааст, "мо як симкорт дорем, вале чанд бор аст, онро аз нав сабт мекунем."

Корбари дигар бо номи "Дабрик767", ки дар Русия аст ва зоҳиран ба симкорти тоҷикӣ эҳтиёҷ надорад, навиштааст: "Худо умри Путин дароз бошад ва маро аз Русия пеш накунад."

Баҳси доғи дигаре дар Инстаграм дар бораи онҳоест, ки бо танфурӯшӣ рӯз мегузаронанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷарима барои танфурӯширо боло бурдаанд.

Корбаре бо номи "Таҷик онли" дар саҳифаи мо навиштааст, агар занон зиндагии хуб дошта бошанд, ҳеҷ гоҳ ба ин кор намераванд. Ба қавли ин корбар: "Ҳама чизро гарон кардед, аз барқу бензин то андоз. Як қуттии тухми мурғро 35 сомонӣ кардед. Он бечора ба ғайр аз танфурӯшӣ дигар чӣ кор кунад?"

"Агар занон зиндагии хуб дошта бошанд, танфурӯшӣ мекунанд?" Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Диловар бо забони русӣ навиштааст, "ҷарима пеши роҳи танфурӯширо намегирад, баръакс, ба онҳо мегӯяд, ба мизоҷони бештар хизмат расонанд."

Лутфулло Сафаров низ дар Фейсбук гуфтааст, ҷарима роҳи ҳалли ин кор нест. Ӯ бо муроҷиат ба мақомот гуфтааст, "мегӯед, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст, наход дар биҳишти рӯи замин барои як идда зан ҷойи кор офарида натавонед?"

"Мӯниса32" дар Инстаграм навиштааст, танфурӯшон дурӯғ мегӯянд, ки кӯдаки хурд ва шароити вазнин доранд. Ба гуфтаи ӯ, "агар зан арз кунад, ӯро ба кор мегиранд. Шарт нест, ки раис шаванд, метавонанд, ҳавлӣ рӯбанд, коса шӯянд, нон фурӯшанд ва ғайра."

Ташаккур ба ҳамаи шумо, ки шарҳ менависед ва видео мефиристед. Барои аксу видеоҳои Шумо ҳоло се телефон дорем:

+992 980 15 10 10;

+420 724 053 959;

+420 724 056 681.

XS
SM
MD
LG