Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён Ҷалолободро ишғол карданд. Аз миёни шаҳрҳои бузург танҳо Кобул дар дасти ҳукумат монд


Шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, рӯзи 14-уми август ба дасти Толибон гузашт
Шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, рӯзи 14-уми август ба дасти Толибон гузашт

Ҷангҷӯёни Толибон шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳорро тасарруф кардаанд. Акнун аз миёни шаҳрҳои бузург танҳо Кобул дар дасти ҳукумат мондааст.

Аброруллоҳ Мурод, намояндаи Нангарҳор дар Вулуси Ҷиргаи Афғонистон, ба хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» гуфтааст, Ҷалолобод субҳи якшанбе, 15-уми август, бе ҳеч гуна муқовимат ва бо миёнравии бузургони қавмӣ ба Толибон таслим карда шуд. Ҳоло роҳи Кобул ба шарқи Афғонистон ҳам баста шудааст.

Толибон аксҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ бо Зиёулаҳақ Амирхел, волии Нангарҳор, нашр кардаанд.

Як рӯз пештар аз ин шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, ба дасти Толибон вожгун шуд.

Бар асоси гузоришҳо, даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои вафодор ба Ато Муҳаммад Нури, волии пешини Балх ва маршал Абдурашид Дӯстум рух дод, аммо камарбанди шаҳр дар ҳам шикасту Толибон вориди Мазори Шариф шуданд.

Дар гузоришҳо омадааст, ки Дӯстум ва Нур пас аз ин ҳодиса ба шаҳраки бандарии Ҳайратон рафтанд ва сипас вориди Узбекистон шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 15-уми август дар бораи гузаштани 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз сарҳад бо Афғонистон хабар дод, аммо дар бораи Ато Муҳаммади Нур ва Абдурашид Дӯстум ишорае накардааст.

Дар идомаи суқути занҷираии вилоятҳои Афғонистон, рӯзи 14-уми август шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб ҳам суқут кард. Ҳамчунон Толибон маркази вилояти Лағмонро тасарруф карданд. Вилоятҳои Пактико ва Кунар ҳам ба дасти Толибон гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG