Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли "Гурӯҳи 24"-ро "бо ваъдаи афв" ба Тоҷикистон даъват доранд


Мақомоти Русия солҳои ахир дар боздошту истирдоди мухолифони тоҷик ба Душанбе зиёд кӯмак кардаанд
Мақомоти Русия солҳои ахир дар боздошту истирдоди мухолифони тоҷик ба Душанбе зиёд кӯмак кардаанд

Исломиддин Ашӯров, як узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, мақомот аз волидонаш тақозо кардаанд, ки писарашонро ба Тоҷикистон баргардонанд ва дар ин сурат "ӯ афв хоҳад шуд ва агар наояд, ӯро дар пайгарди байналмилалӣ қарор хоҳанд дод". "Гурӯҳи 24" як созмони сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон буда, аъзои он бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба пайгириву интиқоди кори ҳукумати Тоҷикистон машғул мешаванд.

Ба иттилои худи Исломиддин Ашӯров, ӯ аз соли 2016 ба ин тараф дар Полша ва ё Лаҳистон ба сар мебарад. Вай мегӯяд, баъди ҳамкориаш бо “Гуруҳи 24” ва бознашри наворҳои ин созмон дар саҳифаи шабакаи иҷтимоиаш, аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор гирифта, алайҳи ӯ бо моддаи 307, 1, банди 2, яъне “Фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаи интернетӣ” парванда боз шудааст. Аммо мақомоти интизомии ноҳияи Вахш ва Раёсати корҳои дохилии пойтахт дар робита ба ҷурми Исломиддин Ашӯров суҳбат накарданд ва шарҳ надоданд, ки ӯ чӣ ҷинояте содир кардааст.
Раҳматулло Ашӯров - падари Исломиддин Ашӯров рӯзи 11 август аз вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте мақомот даъваташ кардаанд, аксҳои писарашро ба ӯ нишон додаанд, ки ҳамроҳи раҳбарони “Гуруҳи 24” суҳбат дорад.

Вале дар гузашта бисёр мухолифону мунаққидони ҳукумат, ба гуфтаи наздиконашон, баъди чунин даъватҳои гӯё афв ва озод шуданашон, дар додгоҳҳои пӯшида ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG