Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти амрикоӣ: Pfizer ва Moderna барои занони ҳомиладор амну бехатар аст


Зани ҳомиладоре дар ИМА бар зидди COVID-19 эм карда мешавад
Зани ҳомиладоре дар ИМА бар зидди COVID-19 эм карда мешавад

Мақомоти амрикоӣ аз занони ҳомиладор даъват карданд, ки воксинаи зидди COVID-19-ро бигиранд, чун, ба гуфтаи онҳо, санҷишҳои ахир нишон дод, ки эмшавӣ хатаре барои кӯдаку бордорӣ надоштааст. Рошеллл Валенски, раиси Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои ИМА рӯзи 11-уми август гуфт, ки ин ниҳод модарони ширдиҳанда, бонувони ҳомиладор ва ҳам онҳоеро, ки барои ҳомиладор шудан омодагӣ мебинанд, ташвиқ мекунад, ки ҳатман эм карда шаванд. Озмоиши 2500 зани ҳомиладор, ки воксинаҳои навъи Pfizer ва Moderna-ро дар марҳилаи пеш аз 20 ҳафтаи ҳомиладорӣ гирифтаанд, нишон додааст, ки ҳеҷ хатаре барои кӯдаку бордорӣ набудааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки аёлати Калифорния аввал шуда дар ИМА ба омӯзгорону шогирдони мактабҳои миёна эмшавӣ ваё гузаштан аз санҷишҳои COVID-19-ро як талаботи ҳатмӣ номид.

Дар Зеландияи Нав нахуствазир гуфт, ки шурӯъ аз соли 2022 барои мусофирони эмшуда аз кишварҳои нисбатан амн аз назари коронавирус иҷозаи ворид шудан ба кишвар дода хоҳад шуд. Дар пойтахти Австралия шаҳри Канберра баъди ошкор шудани як ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 дар бадани шахсе, ки эм нашуда буд, карантини ҳафтрӯза ҷорӣ шуд.

XS
SM
MD
LG