Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беннет гуфт, Лубнон масъули ҳамлаҳои мушакӣ ба Исроил аст


Нафталӣ Беннет
Нафталӣ Беннет

Нафталӣ Беннет, нахустазири Исроил, мегӯяд, Лубнон масъули ҳамлаҳои мушакӣ аз қаламрави ин кишвар ба зидди Исроил хоҳад буд.

Вай 8-уми август гуфт, "ҳатто бо вуҷуди буҳрони иқтисодиву сиёсӣ дар Лубнон, Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” шаҳрвандони ин кишварро ба ҷабҳаи зидди Исроил мекашонанд."

Беннет ин ҳарфҳоро як ҳафта пас аз хушунатҳо миёни Исроилу ҷунбиши “Ҳизбуллоҳ” ба забон овард. Дар ҳафтае пеш, баъди мушакпарронӣ аз Лубнон ба Исроил, ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил маҳалҳоеро дар ҷануби Лубнон нишон гирифтанд.

Ҷунбиши “Ҳизбуллоҳ” ва Исроил дар соли 2006 низ барои як моҳ вориди даргирӣ шуда буданд.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милал, рӯзи 8-уми август аз ҳар ду тараф хост, ки аз худ хештандорӣ нишон диҳанд. Вай афзуд, ба Исроилу ҷунбиши “Ҳизбуллоҳ” муҳим аст, аз иқдоме худдорӣ кунанд, ки боис ба ҷанҷол ва сабаби хатоҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG