Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Навиштааст, ки маро задӣ." Парванда зидди модар бо гумони ба худкушӣ расондани духтар. ВИДЕО


Бибисония Тағоева пеш аз марг дар номае модарашро ба латукӯб муттаҳам кардааст
Бибисония Тағоева пеш аз марг дар номае модарашро ба латукӯб муттаҳам кардааст

Як занро дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, бо гумони ба худкушӣ расондани духтари чаҳордаҳсолааш дастгир кардаанд.

Мақомоти додситонии вилоят гуфтанд, ки Бибисония Тағоева пеш аз худкушӣ дар номае модарашро ба латукӯб ва паст задани шаъну эътибор муттаҳам намудааст. Пайвандони зан иттиҳомро беасос медонанд ва ба озод шудани ӯ талош доранд.

Дар ҳоле ки ҳодиса баҳори имсол рӯй додааст, масъулони додситонӣ гуфтанд, ҳанӯз ташхиси равонии зан ва санҷиши парванда ба поён нарасидааст. Гумонбари асосӣ, Муборак Гиёева, ҳоло дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ аст ва бояд аз ташхиси равонӣ бигузарад.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон, дар охири моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, номаи пеш аз марги Бибисонияро дар ҷойи хобаш ёфтанд ва он санади муҳимест, ки "вазъро бозгӯ мекунад".

Валӣ Ваҳҳобов
Валӣ Ваҳҳобов

"Сухан дар бораи чанд ҳолати мунтазами латукӯб ва паст задани шаъну шарафи хонанда меравад. Дар он коғаз бениҳоят хуб навиштааст, ки кӣ ӯро зад ва бо чӣ зад. Аз модараш сар карда то аъзои дигари хонавода", -- гуфт Ваҳҳобов ба хабарнигорон. Вале аз ифшои ҷузъиёти дигар худдорӣ кард.

Ҳоло таҳқиқи ҳодисаро Шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии вилояти Хатлон ба уҳда дорад. Моддаи 109-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки марбути “ба худкушӣ расондан” аст, барои чунин амал аз се то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Вале хонаводаи зан ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доранд ва аз мақомот мехоҳанд, ки ӯро ҳарчи зуд озод кунанд. Ҷиҳонбӣ Исоева, модари Муборак Гиёева, чанд моҳ аст, ки дар мотаму ғамгинӣ нишастааст.

Мегӯяд, аз як тараф таҳаммули аз даст додани набера ва аз сӯйи дигар боздошти духтараш осон нест. Вай пайваста ба акси Бибисония Тағоева менигараду мепурсад, ки "чаро чунин кардӣ духтар? Ба ман ваъдаи дурӯғ додӣ, ки барои ману модарат духтур мешавӣ. Дигар мадоре надорем, ки аз ҷо бархезем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Хатлон модаре духтарашро ба худкушӣ расонда, аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Исоева нақл кард, ки наберааш дар рӯйи ҳавлӣ худро овехт ва ин ҳолат барои онҳо натанҳо ногаҳонӣ, балки зарбаи сахти равонӣ буд. Ӯ дар посух ба суоли мо, ки дар номаи пеш аз марги духтар чӣ гуфта шудааст ва чаро якбора модарашро дастгир карданд, гуфт:

"Навиштааст, “очаҷон маро барои навдаи ангур задӣ”. Гуё модараш ӯро бо нонзанак задааст. Охир, ман нони онҳоро мепухтам. Ман ба назди танӯр мерафтам. Модари ӯ нон намепухт ва нонзанакро ба даст намегирифт.”

Мақомот мегӯянд, ҳангоми таҳқиқи парванда ҳама паҳлӯҳои масъаларо меомӯзанд ва тасмими ниҳоиро дар ин замина додгоҳ мегирад.

Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол дар вилояти Хатлон 23 хонандаи мактаб худкушӣ кардаанд. Соли гузашта 38 мавриди худкушии ноболиғон дар минтақа сабт шуда буд. Дар аксар ҳолат сабаби худкуширо ба бемории равонӣ рабт медиҳанд, ҳарчанд бисёриҳо бо чунин хулоса трозӣ нестанд.

Солҳои охир дар чанд ҳодиса аъзои оиларо барои ба худкушӣ расондани наздикон ё арӯси хонавода низ ба зиндон маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, соли 2019 Эмом Забиров, сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷайҳун, бо гуноҳи "ба худкушӣ расондани арӯси ҳаждаҳсолаи хонавода Гулбаҳор Фаромарзова" панҷ солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG