Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Ковалев, ҳомии машҳури ҳуқуқи инсон дар Русия, даргузашт


Сергей Ковалев.
Сергей Ковалев.

Сергей Ковалев, яке аз зиндониёни маъруфи сиёсӣ ва аз мунтақидони ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт.

Иван, писари ӯ дар Фейсбук навишт, ки падараш рӯзи 9-уми август дар Маскав фавтид. Ковалев аз тарафдорону ҳамроҳони Андрей Сахаров, ҳомии машҳури ҳуқуқ буд.

Ковалёв дар соли 1974 барои фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи башар боздошт ва ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Баъд аз сипарӣ кардани ин муҳлат, се сол дар табъиди дохилӣ ба сар бурд ва соли 1987 дар даврони ислоҳоти Михаил Горбачёв иҷозат ёфт, ки ба Маскав баргардад.

Дар солҳои навадум ӯ яке аз бунёдгузорони маркази ҳуқуқи инсон "Мемориал" дар Маскав буд.

Чанд сол раиси Думаи давлатӣ ва нахустин Ваколатдори ҳуқуқи башари Русия буд. Ӯ ошкоро президент Владимир Путин ва ҳукумати ӯро барои поймол кардани ҳуқуқи башар танқид мекард.

Дар соли 2008 ба мудохилаи низомии Русия дар Гурҷистон мухолифат кард. Вай ҳамчунин мухолифи пайвастани Қрими Украина ба қаламрави Русия буд.

XS
SM
MD
LG