Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Суғдиён" ва "Тоҷ Меъмор" дар Душанбе. Яке қарори додгоҳро дорад, дигаре қарори шаҳрдорро. ВИДЕО


Масъулони ширкат гуфтанд, ки барои сохтмони бинои баландошёна ҳақ доранд
Масъулони ширкат гуфтанд, ки барои сохтмони бинои баландошёна ҳақ доранд

Эҳтимоли аз байн рафтани Маркази хидматрасонии "Суғдиён" дар Душанбе даҳҳо соҳибкори хурду миёнаро нигарон кардааст. Қарор аст, ширкати "Тоҷ Меъмор" дар ҷойи он бинои баландошёна бисозад. Тоҷирон иддао доранд, ки ин кор ба зарари онҳо ва хонаводаашон аст. Намояндагони "Тоҷ Меъмор" бовар доранд, корашон тибқи нақшаи куллӣ ва қарори шаҳрдори Душанбе пеш меравад. Дар бораи моликони ширкати сохтмонӣ феълан иттилое дар даст нест.

Ба фоида ва зарари кӣ?

Суратгирхонаи Муаззама Шодавронова, ки дар дохили Маркази "Суғдиён" аст, имрӯзҳо муштарии кам дорад. Ӯ мегӯяд, пас аз он ки ширкати сохтмонии "Тоҷ Меъмор" атрофи коргоҳашонро пӯшонд, сафи муштариён якбора коҳиш ёфт.

Муаззама Шодавронова мегӯяд, аз даст додани ҷойи кор сахт аст
Муаззама Шодавронова мегӯяд, аз даст додани ҷойи кор сахт аст

"Дар инҷо танҳо як суол аст, ки бар асоси кадом санад атрофи биноро маҳкам карданд? Аз ҳисоби ҳамин марказ зиндагии хонаводаро пеш мебарем. Субҳ пеш аз он ки дар фикри хидматрасонӣ бошем, ба ин сохтмон банд ҳастем, ки ояндаи корамон чӣ мешавад", -- гила кард Шодавронова рӯзи 6-уми август ба Радиои Озодӣ.

Ӯ ва ҳамкорони дигараш мегӯянд, агар қарори вайрон кардани "Суғдиён" ва сохтани бинои баландошёна қонунист, бояд ширкат дар иваз ба онҳо ҷуброн пардозад: "Сохтмони бинои нав агар ба фоидаи мо ҳам набошад, ба зарари мо нашавад. Ҷубронро пардозанд, дар ҷойи дигар ба кору тиҷорат ва хидматрасонӣ идома медиҳем."

Тоҷирони "Омина" ҳам шикоят доранд

Ин нукта дар банди дувуми қарори шаҳрдории Душанбе ҳам зикр шудааст. Намояндагони ширкати "Тоҷ Меъмор" гуфтанд, онҳо ба соҳибкорон пули нақл намедиҳанд, балки пас аз сохтани бинои нав ба онҳо ҷой медиҳанд.

Дар Маркази хидматрасонии "Суғдиён", ба қавли моликонаш, беш аз 40 нафар дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дорухона, фурӯши шириниҳо, толори саққозанӣ ва суратгирхона кор мекунанд.

Маркази тиҷоратии "Омина" ҳам дар паҳлӯи "Суғдиён" ҷойгир аст. Чанде аз тоҷиронаш гуфтанд, дар назар аст, дар ҷойи бинои онҳо низ хонаҳои ширкати "Тоҷ Меъмор" қомат афрозанд, вале тақдири кори минбаъдаашон рӯшан нест. Озода Давлатова, корманди "Омина", 6-уми август гуфт, мехоҳад, ҳар чӣ зуд ҷонибҳои баҳс ба созиш биоянд: "Ҳоло вақти зӯрӣ нест. Ба кадом идорае рафтем, шикоятамонро қабул карданд, аммо ягон чора намеандешанд."

Посухи намояндагони "Тоҷ Меъмор"

Рӯзи 6-уми август дар ширкати "Тоҷ Меъмор" гуфтанд, барои оғози корҳои сохтмонӣ қарори раиси шаҳрро доранд ва корашон дар доираи қонун аст. Намояндагони ширкат дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, аз ҳисоби биноҳое, ки дар назар аст, сохта шаванд, ба соҳибмулкон ҷой пешниҳод кардаанд, "вале онҳо бо талаби маблағи бештар аз созиш саркашӣ мекунанд."

"Мардум хаёл мекунанд, ширкат масоҳати ҷойҳои хидматрасонияшонро харида истодааст. Тибқи қонун, ҷуброни бартарафсозии амволи ғайриманқул бо амволи баробарарзиш бояд сурат гирад. Мо аз нархи амволашон зиёдтар пешниҳод кардем, лекин намедонам, онҳо ба тамоми ҷо боз шикоят бурдаанд", -- гуфт як намояндаи ширкат, ки нахост номаш бурда шавад.

Аммо сокинон, ба гуфтаи худашон, "ба ҳарфҳои хушку холӣ" бовар надоранд. Яке аз кормандони Маркази "Суғдиён" мегӯяд, "бовар надорем, пас аз се сол ширкат воқеан масоҳатеро, ки пешбинӣ кардааст, ба мо медиҳад. Гузашта аз ин, то се сол, ки бояд соҳиби иншоот шавем, аз кадом ҳисоб бояд зиндагиро пеш барем? Барои ҳамин, мехоҳем, ширкат пули нақд диҳад ва мо дар ҷойи дигар корро пеш барем.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Соҳибкорон аз барномаҳои ширкати сохтмонӣ нороҳатанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Додгоҳ чӣ гуфт?

Чанде аз соҳибмулкон нисбат ба ширкат ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ шикоят бурда, талаб кардаанд, ки то анҷоми баҳсҳо корҳои сохтмонӣ боздошта шавад.

Дар пайи ин шикоят, рӯзи 29-уми июли имсол додгоҳ дастур додааст, ки "анҷоми ҳама гуна корҳои сохтмонӣ, меъморӣ, нотариалӣ ва техникӣ аз сӯи ширкат манъ карда шавад." Соҳибмулкон мегӯянд, бо вуҷуди он ки додгоҳ қарор баровард, корҳои сохтмонӣ ҳанӯз идома дошта, атрофи бино ҳамоно маҳкам аст.

Дар як санади расмии Раёсати нозироти давлатии меъморӣ-сохтмонии Душанбе, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, гуфта шудааст, иҳота намудани атрофи иншоотро танҳо пас аз иҷрои банди 2-и қарори раиси шаҳр (масъалаи ҷуброни соҳибмулкон) имконпазир мешуморанд.

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев рӯзи 6-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, то вақте ки баҳси ҷуброни соҳибмулкон аз сӯи ширкати сохтмонӣ ҳал нашавад, шурӯи корҳои сохтмони ғайриқонунист. Вай гуфт, “агар ширкат саркашӣ кард, аз ҳисоби суратҳисоби бонкияш бо қарори додгоҳ бояд ҷуброн рӯёнида шавад".

Солҳои охир бо бештар шудани сохтмони биноҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, шикоятҳо низ аз кори ширкатҳои сохтмонӣ зиёд ба назар мерасад.

Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар моҳи июли имсол гуфтанд, ки талабот ба иҷозатномаи сохтмонро сахттар кардаанд, ҳарчанд сокинон мегӯянд, дар фаъолияти ширкатҳо беҳбуди ҷиддиеро намебинанд. Феълан дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор ширкату ташкилоти сохтмонию пудратчӣ кор мекунанд.

Қарор аст, ин марказ ба зудӣ вайрон ва дар ҷояш бинои нав сохта шавад
Қарор аст, ин марказ ба зудӣ вайрон ва дар ҷояш бинои нав сохта шавад
XS
SM
MD
LG