Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот суқути чархбол дар Ванҷро шарҳ доданд


Мақомоти Тоҷикистон қазияи суқути чархболи неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ванҷро шарҳ доданд. Дар пайи суқути чархбол як нафар ба ҳалокат расида, чаҳор тани дигар маҷруҳ шуданд.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо нашри хабарномае гуфт, чархбол рӯзи 4-уми август бо мақсади наҷот додани сайёҳони рус рафт, ки дар пиряхи Федченко ба ёрӣ муҳтоҷ буданд.

Ба гуфтаи манбаъ, соати 12:10 дақиқа, чархбол аз радар нопадид шуд ва баъдан маълум шудааст, ки чархбол дар баландии 5 ҳазор метр аз саҳри баҳр, дар назди пиряхи Хирсон, нишасти изтирорӣ кардааст.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, 6 сайёҳи рус, 2 ҳайати парвоз ва 2 корманди ширкати "Памир-Пик" ба Душанбе интиқол ёфтанд. "Ҳамаи онҳо дар ҳоли ҳозир зери назорати пизишкон қарор доранд",-омадааст дар хабари расмӣ.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, корҳо барои интиқол додани ҷасади ҳавонаварди ҳалокшуда давом дорад.

Рӯзи 5-уми август як масъули ҳукумати ноҳияи Ванҷ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, чархбол барои овардани сайёҳони рус, ки дар баландии беш аз 5 ҳазор метр дармонда буданд, мерафт.

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон чархболҳо мефтанд. Моҳи августи соли 2018 чархболи ҳомили 15 кӯҳнаварди хориҷӣ ва се сарнишини тоҷик дар поёноби пиряхи Фортамбек, дар ноҳияи Лахш, ба садама дучор шуд. Дар натиҷа се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд. Ин гуруҳ узви ҳайате буданд, ки барои фатҳи қуллаи "Исмоили Сомонӣ" дар Тоҷикистон қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG