Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ". Пойфишории Русия ба сабтиноми хориҷиҳо


Дар Русия то ҳанӯз садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ҳамсуд ва ё ИДМ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дирӯз дар ҷаласаи онлайнӣ бо намояндагони сафоратҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ баён доштааст. Ба гуфтаи Александр Горовой, то кунун 700 ҳазор муҳоҷир пинҳон мебошанд. Мақомоти рус барои қонунӣ кардани буду бош ба шаҳрвандони хориҷӣ то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ мӯҳлат додаанд. Алексанр Горовой ҳамчунин гуфтааст, ки ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон аз аввали сол 5 дарсад зиёд шуда, аз ҷумла қонунвайронкунӣ, занозаниҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, зӯроварӣ ба намояндагони мақомот ва эҷоди таҳдид ба амнияти шаҳрвандон аз намуди қонуншиканиҳое мебошанд, ки афзудаанд.

XS
SM
MD
LG