Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимановская: Хушбахтам, ки дар Полша, дар ҷойи амн ҳастам


Кристина Тимановская ба суолҳои журналистон посух дод
Кристина Тимановская ба суолҳои журналистон посух дод

Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ, ки дар Лаҳистон ё Полша паноҳгоҳ ёфт, мегӯяд, "дар ҷойи амн" қарор дорад ва "хушбахт" аст.

Тимановскаяи 24-сола шаби 4-уми август бо роҳи Токио-Вена ба шаҳри Варшава расид ва бо дархости паноҳандагӣ зери ҳимояти дипломативу сиёсии Полша гузашт.

Ӯ дар изҳороти матбуотиаш рӯзи 5-уми август гуфт, ки аз ёрии Полша бисёр миннатдор аст ва изҳори умед кард, ки рӯзе ҳатман метавонад ба Беларус баргардад. "Ман ба кишвар хиёнат накардаам, ин ватани ман мемонад", -- афзуд ӯ.

Баъд аз он ки Тимановская қарорҳои раҳбарияти варзишии кишварро танқид кард, таҳти ҳамлаву маҳкумияти матбуоти давлатии Беларус қарор гирифта, раҳбарони тими олимпӣ хостанд, маҷбурӣ ӯро ба ватан баргардонанд. Вале Тимановская аввал аз полиси Ҷопон ва сипас аз ҳукумати Полша дархости кумак кард. Тимановская гуфт, қарор аст, базудӣ ҳамсараш ҳам ба ӯ бипайвандад.

XS
SM
MD
LG