Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаҳои нави сафар дар Амрико ва Бритониё дар шароити пандемия


Як фурудгоҳи Амрико. Тирамоҳи соли 2020
Як фурудгоҳи Амрико. Тирамоҳи соли 2020

Маъмурияти Ҷо Байден талош дорад, ба ҳама хориҷиёне, ки вориди Иёлоти Муттаҳида мешаванд, талаботи эмкунӣ ба зидди коронавирусро ҷорӣ кунад. Дар ин бора масъулони Кохи Сафед 4-уми август хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, Бритониё гуфтааст, қоидаҳои сафарро ба ин кишвар сабуктар мекунад.

Маъмурияти Байден маҳдудиятҳои марбут ба сайру сафарҳои байналмилалӣ ба Амрикоро тағйир надодааст, вале ҳоло мегӯяд, барои хориҷиҳое, ки пурра эм карда шудаанд, шароити "бехатар"-и ворид шудан ба кишварро фароҳам мекунад. Мақомот ҷузъиёти бештар надоданд.

Бритониё баъзе аз қоидаҳои вурудро тағйир додааст. Аз ҷумла, барои онҳое, ки аз Фаронса ворид мешаванд, ҳатто агар пурра эм шудаанд, карантини ҳатмӣ талаб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, баъди дар Чин ошкор шудани ҳодисаҳои зиёди гирифторӣ ба навъи “Делта”-и коронавирус, сафар аз ин кишвар ба берун маҳдуд мешавад.

Ҷопон, ки бозиҳои олимпиро мизбонӣ мекунад, бо сабаби афзоиши мавридҳои гирифторӣ маҳдудиятҳои иҷтимоиро дар ҳашт минтақаи дигари кишвар дароз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG