Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Эрон дар парлумон савганд ёд мекунад


3-ми август, Теҳрон. Президенти пешин Ҳасани Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳурии нави Эрон Иброҳим Раисӣ дафтари кории худро месупорад
3-ми август, Теҳрон. Президенти пешин Ҳасани Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳурии нави Эрон Иброҳим Раисӣ дафтари кории худро месупорад

Иброҳим Раисӣ, президенти нави Эрон рӯзи 5-уми август дар баробари маҷлиси ин кишвар маросими савгандёдкунии дузинаиро ба охир мерасонад. Раисӣ дар ҳоле ба кор шурӯъ мекунад, ки Ҷумҳурии Исломӣ бо сабаби таҳримҳои ИМА ғарқи мушкилоти сангини иқтисодӣ, бӯҳрони беҳдоштӣ ва дар байни муколамаи бисёр печидаи ҳастаӣ бо қудратҳо барои барқарории созиши соли 2015 қарор дорад.

Раисӣ дар гузашта дар мақоми раиси додгоҳи олӣ кор карда, аз ҷониби ИМА барои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, содир кардани ҳукмҳои қатли зиндониҳои сиёсӣ таҳрим шудааст.

Рӯзи 3-юми август мақоми президентии ҳуқуқшиноси собиқи баҳсбарангезро раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ тасдиқ кард. Раисии муҳофизакор дар ин мақом президенти нисбатан мӯтадил Ҳасани Рӯҳониро иваз мекунад, ки дастоварди азимтарини ӯ дар ин мақом имзои созишномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ будааст. Ин созиш ҳамкориҳои наздики Эронро дар масоили марбут ба барномаи ҳастаиаш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ивази бекор кардани таҳримҳои иқтисодӣ пешбинӣ мекард. Вале соли 2018 президенти ИМА Доналд Трамп ба таври якҷониба ин созишномаро тарк карда, таҳримҳои иқтисодиро болои Эрон барқарор намуд.

Ҳалли масоили иқтисодӣ ва ҳам эҳёи дубораи созишномаи ҳастаӣ яке аз муҳимтарин чолишҳои Раисӣ хоҳад буд. Зоҳиран, бо ҳадафи таъкид ба зарурати идомаи муколамаҳои ҳастаӣ, Энрике Мора, дипломат ва музокиракунандаи Иттиҳоди Аврупо дар умури ҳастаӣ дар маросими савгандёдкунӣ иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG