Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев: "Ман барои посух додан ба саволҳои тафтишот омадам". ВИДЕО


2 августи соли 2021. Аскар Оқоев баъди берун шудан аз КДАМ-и Қирғизистон ба саволҳои журналистон посух дод
2 августи соли 2021. Аскар Оқоев баъди берун шудан аз КДАМ-и Қирғизистон ба саволҳои журналистон посух дод

Аскар Оқоев, собиқ президенти Қирғизистон, ки ба таври ғайримунтазира 2 август аз Маскав ба Бишкек парвоз кард, худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод. Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

Рӯзи 2 август, дар шарҳи ҳузураш дар Бишкек ба хабарнигорон дар назди дари КДАМ гуфт, ҳадафи ӯ посух додан ба саволҳои тафтишот аз рӯи парвандаи марбут ба кони Қумтор аст. Ӯ гуфт, ки ҳақи ифшои ҷузъиёти ин парвандаро надорад, вале аз мақомоти кунунии Қирғизистон изҳори сипос кард, ки барояш шароити мусоид фароҳам оварданд.

Ишораи ӯ эҳтимолан ба ин аст, ки дар ҷараёни тафтишот дар озодӣ боқӣ мемонад ва боздошт намешавад. Оқоев инчунин гуфт, ки худи ҳамин рӯз бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтугӯ кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти собиқи ин кишвар Аскар Оқоевро аз Маскав ба Бишкек оварданд ва ҳоло дар ихтиёри гуруҳи тафтишотӣ аст.

Масъулони ин ниҳод рӯзи 2-юми август дар изҳороте гуфтанд, Оқоеви 76-cола бар асоси парвандаи фасод дар тарҳи “Қумтор” таҳти ҷустуҷӯ буд.

Оқоев аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Бо сар задани инқилоби лолаӣ ӯ ва аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд ва худи ӯ ҳеч гоҳ ба Қирғизистон нарафта буд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл гуфт, президентони собиқ – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

Назари худи Оқоев нашр намешавад. Додситони кулли Қирғизистон соли 2019 гуфта буд, ки дар сурати ба кишвар баргаштанаш, ӯ бозпурсӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG