Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимановская ба сафорати Лаҳистон (Полша) ворид шуд


Кристина Тимановская
Кристина Тимановская

Варзишгари беларусӣ, Кристина Тимановская, ки бо қарори мақомоти Беларус ба бозиҳои олимпӣ роҳ дода нашуд ва тавонист, аз маҷбурӣ бурда шуданаш ба Минск пешгирӣ кунад, рӯзи 2-юми август вориди бинои сафорати Лаҳистон (Полша) шуд. Ӯ шабро дар фурудгоҳи Токио саҳар кард.

Варзишгари 24-сола гуфт, ният дорад, аз мақомоти Полша паноҳандагии сиёсӣ дархост кунад, чун ҳарос дорад, ки дар ватанаш ҳабс мешавад.

Дар миёни созмонҳое, ки ба кӯмаки варзишгари беларусӣ омода шуданд, Комиссариати олии Созмони Милал дар мавриди паноҳандагон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Украина, ҳамсари ӯ Арсений Жданевич ба Украина расидааст. Барои ёрӣ ба Тимановская ба камияш се кишвар -- Фаронса, Полша ва Ҷумҳурии Чех пешниҳод додаанд.

Худи ӯ чанде пеш дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, намехоҳад ба Беларус баргардад ва аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ба қазияаш дахолат кунад. Варзишгари беларусӣ гуфт, зери фишори мақомоти кишвараш аст ва онҳо мехостанд, маҷбурӣ ӯро ба Минск баранд.

Қарор буд, Тимановская 2-юми август дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок кунад, вале, ба гуфтааш, намояндагони мунтахаби олимпии Беларус рӯзи якшанбе ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская мегӯяд, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

XS
SM
MD
LG