Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани журналистон: Скурко бояд ба беморхонаи мулкӣ интиқол ёбад


Андрей Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. Ӯ бемори диабети қанд аст
Андрей Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. Ӯ бемори диабети қанд аст

Анҷумани журналистони Беларус аз мақомоти Минск тақозо кард, ки корманди матбуот Андрей Скуркоро, ки дар шароити боздоштгоҳ ба нишонаҳои коронавирус гирифтор шудааст, барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол диҳанд. Дархости анҷуман рӯзи 29 июл ба унвонии раёсати зиндонҳои вазорати умури дохилӣ ва вазорати тандурустии Беларус ирсол шуд. Дар номаи журналистон тақозо шудааст, ки Скурко ба таври оҷил ба як беморхонаи мулкӣ интиқол ёбад.

Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ ҳамроҳ бо чанд ҳамкораш рӯзи 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. “Наша Нива” гуфт, ки Скуркои 43-сола бо сабаби ошкоршавии мушкили марбут ба тағйироти сохторӣ дар шушҳояш ба боздоштгоҳи низомие интиқол дода шуд. Дар гузориш омадааст, ки бо сабаби ба COVID-19 гумонбар шудани Скурко ҳамутоқони ӯро дар карантин ҷой карданд. Қабл аз ин 13 рӯз Скурко дар як боздоштгоҳи дигаре нигаҳдорӣ мешуд, ки бо қоидаҳои сахту сангинаш маъруф аст. Дар ин боздоштгоҳ катҳои хоб кӯрпаву болишт надоранд ва Скурко аз дастрасӣ ба доруҳои зидди диабети қандаш маҳрум буд. Анҷумани журналистони Беларус навиштааст: “Андрей Скурко як бемори диабети қанд аст, ки пайваста ба инсулин ниёз дорад. Барои нафарони мисли ӯ олудашавӣ ба коронавирус марговар буда метавонад”.

XS
SM
MD
LG