Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, дар Токио аз варзишгари фаронсавӣ шикаст хӯрд


Сиёвуш Зуҳуров, муштзани 28-солаи тоҷик, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал дар Олимпиадаи Токио маҳрум шуд. Вай 29-уми июл дар мусобиқаи бокс дар вазни беш аз 91 кило ба рақобат аз даври 1/16-ниҳоӣ шурӯъ кард, аммо аз Мурод Алиеви 25-солаи фаронсавӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Алиев, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Аврупо дар соли 2019, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Сиёвуш Зуҳуров писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур аст. Бар асоси санадҳои расмӣ, ширкати хонасозаии "Комил-2010", ки бо номи "ширкати Бег Сабур" машҳур аст, низ ба номи Зуҳуров Сиёвуш Бегович сабт шудааст.

Қаблан дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ аз даҳ варзишгари тоҷик чаҳор нафар – Шаббос Неъматуллоев (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарсе дар риштаи ҷудо) - сабқати худро бидуни медал ба анҷом расонида буданд.

Баҳодур Усмонов, муштзни маъруфи тоҷик, бошад, пас аз як пирӯзӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Боз чаҳор нафари дигар – Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду – шиноварӣ), Илнур Аҳмадиев (варзиши сабук) ба сабқат омодагӣ мебинанд.

Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешавад. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (ҷойгоҳи 20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Навбати рақобат аз кист?

Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов - дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод рӯзи 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев бошад, рӯзи 31-уми июл дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври муқаддамотӣ рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио-2020 нахуст муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Даксианг Чен аз Чин бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Баҳодур Усмонов, ки дар даври муқаддамотии сабқати бокс дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, рӯзи 31-уми июл дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар ду даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 73 кило бар Аҳмад Аликай аз тими муҳоҷирон ва Файе Нҷие аз Гамбия пирӯз шуда буд, дар даври севум аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Акмал Муродов дар даври муқаддамотӣ дар сабқати ҷудо дар вазни то 81 кило бар Ҷоштер Эндрю аз Гуам пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб гашт.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, аз Аксел Клергети фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Бояд гуфт, ки се варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Натиҷаҳову медалҳои Олимпиадаи соли 2021

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 63 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 37 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мақоми аввал аст. ИМА 35 медал (13 тилло, 12 нуқра ва 10 биринҷӣ) гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 28 медал (13 тилло, 6 нуқра ва 9 биринҷӣ) азони худ кардааст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 22 медал (13 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Кумитаи олимпии Русия (7 медали тилло, 11 нуқра ва 7 биринҷӣ), Австралия (7 медали тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ), Британияи Кабир (5 медали тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кореяи Ҷанубӣ (4 медали тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ), Олмон (3 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ), Фаронса (3 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ва Италия (2 медали тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Гурҷистон як медали тилло ва ду нуқра, Узбекистон ва Эстония ҳар кадом як медали тилло ва як биринҷӣ, Латвия як медали тилло, Туркманистон як медали нуқра, Украина чор медали биринҷӣ ва Қазоқистон се медали биринҷӣ гирифтаанд.

Вале варзишгарони кишварҳои дигари пасошӯравӣ - Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Литва, Молдова, Озарбйҷон ва Тоҷикистон - то ҳоло дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ медал нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG