Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар ду рақобати нахустини худ дар Олимпиадаи Токио


Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз, 26-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 73 кило бар Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон пирӯз шуд. Дар даври 1/16 финал Сомон Маҳмадбеков варзишгар аз кишвари Гамбия Файе Нжиеро шикаст дод ва ба даврӣ баъдӣ роҳ ёфт. Ҳамакнун Сомон дар 1/8 финал бо Рустам Оруҷов аз Озарбойҷон, имрӯз рақобат хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 16-ум ва Рустам дар зинаи дувум қарор дорад. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд.

Аз байни паҳлавонони тоҷик дувумин шуда Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи olympics.com қувваозмоӣ миёни Баҳодур Усмонови 23-сола (либоси сурх) ва Элнур Абдураимови 27-сола (либоси кабуд) рӯзи 31-уми июл соати 12:51 бо вақти маҳаллӣ (8:51 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Элнур Абдураимов барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Доҳаи Қатар мебошад. Ӯ соли 2017 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон мақоми панҷумро касб кардааст. Элнур соли 2017 дар қаҳрамонии Осиё дар Тошканд бо медали тилло сарфароз шудааст. Имсол бошад, дар қаҳрамонии Осиё дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Баҳодур Усмонов бошад, соли 2019 дар Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Ӯ имсол дар қаҳрамонии Осиё дар Дубай медали биринҷӣ гирифт. Баҳодур дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2019 дар Екатеринбурги Русия мақоми нӯҳумро касб кардааст.

Қаблан муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Даксианг Чен аз Чин бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Боз як муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров рӯзи 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоӣ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дувум ва севумро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Токио медал ба даст меоранд, дар пойтахти кишвар хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG