Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии хабарнигорон баъд аз 10 рӯзи ҳабс


Инна Студинская, Алеҳ Ҳруздилович ва Алес Дашчинский
Инна Студинская, Алеҳ Ҳруздилович ва Алес Дашчинский

Ду хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ, ки дар фазои саркӯбҳои матбуоти озоду ҷомеаи шаҳрвандии раҳбари худкомаи ин кишвар Александр Лукашенко даҳ рӯз дар ҳабс буданд, озод шуданд.

Инна Студинская ва Алеҳ Ҳруздилович рӯзи 26-уми июл озод шуда, вале ҳамзамон огоҳӣ гирифтанд, ки дар кадом ҷинояти номаълуме гумонбар мемонанд.

Студинская давоми нӯҳ рӯз ва Ҳруздилович муддати се рӯз ба нишони эътироз аз ҳабси худ гуруснанишинӣ карданд.

Соли гузашта, дар авҷи маъракаи ҳукумат алайҳи мухолифон ва эътирозгарон, мақомот парвонаи кор ё аккредитатсияи Студинская, Ҳруздилович ва Дашчинскийро бекор карданд.

Хабарнигори дигари Радиои Озодӣ Алес Дашчинский рӯзи 23-юми июл озод шуд.

Ин се хабарнигор рӯзи 16-уми июл ҳамроҳ бо журналистони дигари мустақил ба ҳабс гирифта шуданд. Он рӯз полис ва ходимони амниятӣ хонаву дафтарҳои корӣ, аз ҷумла намояндагии Радиои Озодиро дар шаҳри Минск тафтиш карданд.

Дар таҳаввулоти ҷудогона журналисти телевизиони Белсат Иҳор Иляш низ баъд аз 10 рӯз аз ҳабс раҳо гардид.

Дар посух ба намоишҳои эътирозии сартосарӣ дар Беларус мақомот дар ин кишвар дари матбуоти зиёди мустақил, аз ҷумла 50 созмони ҷамъиятиро бастанд. Эътирозҳое, ки пас аз интихоботи моҳи августи соли гузашта тамоми Беларусро фаро гирифт, ба нишони норизоият бо натиҷаҳои ин сабқати сиёсӣ барпо шуд.

Мухолифон ва Ғарб гуфтанд, ки дар асл барандаи интихобот на Александр Лукашенко, балки Светлана Тихановская аст. Лукашенкоро дар сохтакории натиҷаҳои интихобот гунаҳкор мекунанд.

Бисёре аз намояндагони мухолифон, агар ҳабс нашуданд, кишварро тарк карданд. Ғарб, ки гуфтааст, натиҷаҳои интихоботи Беларусро намепазирад, дар чандин ҳолат Лукашенкои 66-сола, аъзои оилааш, мақомдорони калидӣ ва афроди дигари дастдошта дар саркӯбу азияти мухолифону эътирозгаронро таҳрим кард.

Дар пайи маҷбуран дар хоки Минск фуруд овардани ҳавопаймои тиҷоратии аврупоиву ҳабси блогери мунтақиди ҳукумат Иттиҳоди Аврупо ҳам таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG