Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рӯҳи чолок”: дар Гурҷистон машқҳои азими низомӣ шурӯъ шуд


Низомиёни амрикоӣ барои ширкат дар машқҳои "Рӯҳи чолок" ба Гурҷистон расиданд. Акс аз 24 июли соли 2021
Низомиёни амрикоӣ барои ширкат дар машқҳои "Рӯҳи чолок" ба Гурҷистон расиданд. Акс аз 24 июли соли 2021

Дар Гурҷистон рӯзи 26-уми июл машқҳои муштараки азими нирӯҳои дифоии Гурҷистон ва артиши ИМА дар Аврупо ва Африқо (U.S. Army Europe and Africa) шурӯъ шуд, ки дар он 2500 низомӣ аз 15 кишвари муттафиқ ва шарик иштирок хоҳанд кард. Машқҳое, ки то 6 август идома меёбанд, дар панҷ минтақаи тамринии Гурҷистон барпо хоҳанд шуд. Маросими ифтитоҳи машқҳо 26 июл дар пойгоҳи ҳавоии Сенаки барпо шуда, 6 август дар машқгоҳи Орфоло натиҷагирӣ мешаванд. Ин машқҳои 10-уми зери унвони “Рӯҳи чолок” аст, ки бо ҳадафи тақвияти амнияти минтақавӣ ва қобилияти низомии нирӯҳои муштарак баргузор мешаванд. Бори аввал ин машқҳо соли 2011 баргузор шуданд ва баъди он ҳар сол як дафъа бо ширкати низомиёни гурҷиву амрикоӣ ташкил мешаванд. Ҳар сол шуморим низомиёни ширкатдори машқҳо тағйир меёбад. Аз Гурҷистон дар ин машқҳо 700 ва аз кишварҳои ҳамкору шарик 250-нафарӣ низомиён ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG