Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNAMA: талафот дар миёни сокинони мулкии Афғонистон рекордӣ шуд


Оилаи ин духтарчаи сокини Фараҳ баъди вуруди Толибон ба минтақаи зисташон беҷо шудааст
Оилаи ин духтарчаи сокини Фараҳ баъди вуруди Толибон ба минтақаи зисташон беҷо шудааст

СММ гуфт, дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Афғонистон 2400 сокини мулкӣ кушта ваё захмӣ шуданд ва ин омор дар қиёс бо ҳамин ду моҳи баъди соли 2009 рекордӣ будааст. Дар гузориши СММ инчунин омадааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аксари қурбониҳои ҳамлаҳо дар миёни афроди мулкӣ занону кӯдакон мебошанд. Гузорише, ки рӯзи 26 июл аз ҷониби UNAMA – Дафтари кӯмаки СММ барои Афғонистон нашр шуд, мегӯяд, дар моҳҳои январ то июни соли 2021 дар Афғонистон 5183 ҳодисаи осеб дидани сокинони мулкӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз ин омор 1659 ҳолаташ бо марги инсонҳо анҷомидааст. Ин 47 дарсад бештар назар ба ҳамин марҳилаи соли гузашта мебошад.

Баъди он ки президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи то 31-уми август анҷом додани маъракаи хуруҷи нирӯҳо хабар дод, низоъҳои мусаллаҳонаи миёни Толибон ва нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш ёфт. Нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ 20 соли охир дар Афғонистон барои муқобила бо гурӯҳҳои шӯришӣ ва террористӣ ба ҳукумат ва артиши Афғонистон кӯмак мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаҳои ахир дар Қатар музокироти сулҳи ҳукумат ва шӯришиён идома дорад, вале аз замони оғози ин музокираҳо дар моҳи сентябр то ҳол пешрафти қобили мулоҳизае ҳосил нашудааст.

Гузориши СММ мегӯяд, ки занону кӯдакони қурбонии ҳамлаҳои ним соли ахир 46 дарсади кулли қурбониҳоро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат 468 кӯдак куштаву 1214 нафарашон маҷрӯҳ шудаанд, талафоти занон дар шаш моҳ 219 ва маҷрӯҳшудаҳо 508 ҳолатро ташкил додааст. UNAMA гуфтааст, “ин ҳолат фавқулодда такондиҳанда аст, ки нисфи қурбониён дар миёни сокинони мулкиро занон, писарон ва духтарон ташкил медиҳанд”.

XS
SM
MD
LG