Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди занозании гуруҳӣ пулиси Москва 65 қирғизистониро дар боздоштгоҳ нигаҳ медорад


Назди сафорати Қирғизистон дар Маскав.
Назди сафорати Қирғизистон дар Маскав.

Сафорати Қирғизистон дар Русия изҳороти вакили порлумони Қирғизистон Ойбек Осмоновро дар бораи ихроҷи гуруҳии қирғизистониҳо аз Русия рад кард.

Ба иттилои сафорат, дар давоми моҳи июл аз тамоми минтақаҳои Русия ҳамагӣ 18 шаҳрванди Қирғизистон ихроҷ шудааст.

Ба ҷуз ин, 65 шаҳрванди Қирғизистон дар яке аз боздоштгоҳҳои махсуси Москва нигаҳ дошта мешаванд. Ин шаҳрвандон баъди занозании гуруҳии рӯзи 12 июл боздошт шудаанд.

Сафорати Қирғизистон хабар дод, ки "барои ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо талош карда мешавад".

Дар Русия наздики як миллион қирғизистонӣ муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG