Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин аз тавоноиҳои баҳрии Русия ситоиш кард


Владимир Путин, Санкт-Петербург, 25-уми июли 2021
Владимир Путин, Санкт-Петербург, 25-уми июли 2021

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар парад ё гашти бузурги киштиҳои ҷангӣ дар Санкт-Петербург аз қудрат ё тавоноии баҳрии кишвараш ситоиш кард.

Вай рӯзи 25-уми июл гуфт, “имрӯз нерӯи баҳрии Русия ҳама чизеро, ки барои кафолати ҳифзи кишвар ва манфиатҳои миллии мо зарур аст, дорад."

Президенти Русия афзуд, "мо метавонем душманони зериобӣ, рӯйизаминӣ ё ҳавоиро ошкор кунем ва дар сурати зарурат зарбаи марговар бизанем".

Дар шаҳри Санкт-Петербург ва минтақаҳои дигари Русия бо сабаби мавҷи шадиди бемории ҳамагир баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст. Бо вуҷуди ин, расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ҳазорон нафар барои тамошои киштиҳо рафта, бисёре аз онҳо ниқоби тиббӣ надоштанд.

Чунин манзара дар шаҳри бандарии Севастополи Қрим низ мушоҳида шудааст. Флоти Баҳри Сиёҳи Русия дар онҷо парад баргузор кард.

XS
SM
MD
LG