Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷазода: Тоҷикистону Узбекистон дар масъалаи марз мушкил надоранд


Марзи Тоҷикистону Узбекистон
Марзи Тоҷикистону Узбекистон

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин хабар дод, ки нишонагузории марзи Тоҷикистону Узбекистон тақрибан ба поён расидааст. Ориф Хоҷазода рӯзи 21-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистону Узбекистон 1326 километр марз доранд ва аз он 1319 километраш пурра муайян шудааст.

Хатти сарҳади боқимонда, ба гуфтаи раиси Кумитаи замин, қисматҳое ҳастанд, ки Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.

“Нисбат ба ин масъала аз 1 то 3-уми май дар Фарғона вохӯрӣ гузашт. Се кишвар пешниҳодҳои худро барои омӯзиш пешниҳод карданд. Барои ҳамин, агар ин нуқтаҳо муайян шаванд, ба пуррагӣ хатти сарҳад бо Узбекистон муайян мегардад”, -- шарҳ дод раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон.

Узбекистон дар замони роҳбарии Ислом Каримов, президенти пешини ин кишвар, омодаи баррасиву имзои созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон набуд. Танҳо баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёв ва сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018, Душанбе ва Тошканд дар масъалаи аломатгузории марз ба созиш даст ёфтанд. Аз ҷумла, бар асоси ин созиш ду кишвари ҳамсоя аҳд карданд, обанбори “Фарҳод”-ро барои тақрибан ним асри дигар ҳамроҳ истифода баранд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин, рӯзи 21-уми июл дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар минтақаи обанбори “Фарҳод2 як минтақаи хурде мондааст, ки делимитатсия нашудааст. Вале афзуд, “нисбат ба истифодабарӣ байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.”

Тӯли 25 соли охир тасвиб нашудани қарордоди марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба баҳсҳо дар атрофи моликияти ин нерӯгоҳ марбут буд. Тошканд даъво дошт, ки ин нерӯгоҳ моли Узбекистон аст ва Душанбе иддао мекард, он дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст. Маҳз рӯшан набудани сарнавишти ин нерӯгоҳ, ба эътиқоди соҳибназарон, яке аз сабабҳои аслии мушкили марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон будааст.

XS
SM
MD
LG