Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Иззат Амон барои раҳоии падараш аз мардум кумак хост


Иззат Амон
Иззат Амон

Наздикони Иззат Амон мегӯянд, таҳқиқи парвандаи ин ҳомии ҳуқуқи шинохта ба поён расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 21-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз интиқоли падараш ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон имкони рӯ ба рӯ сӯҳбат кардан бо ӯро надошт ва танҳо ба таври хаттӣ аз вай паём мегирад.

Холов умедвор аст, ки баррасии қазияи падараш дар додгоҳ одилона сурат гирифта, Иззат Амон ба зудӣ озод мешавад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, мақомот зарари расондашуда ба баъзе корафтодагонро, ки гуё Иззат Амон ҳангоми дар Русия буданаш расондааст, беш аз як миллион рубли русӣ ҳисоб кардаанд, аммо ин маблағи ниҳоӣ нест.

Ӯ як рӯз пеш дар муроҷиати видеоӣ барои барқарор кардани зарари молие, ки Иззат Амон ба он муттаҳам мешавад, кумак хост.

Иззат Амон рӯзи 25-уми март аз Русия ихроҷ шуд ва як рӯз баъд мақомот аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаҳои боздошту истирдод ё рабуда шудани гунаҳкорон ба қаллобӣ дар даҳ соли охир тақрибан дида нашудааст ва ин ҳолат вижагии парвандаи Иззат Амонро ташкил медиҳад.

Таҳқиқи қазияро Вазорати корҳои дохилӣ анҷом медиҳад ва масъулини Додситонии кул гуфтанд, парвандаро то охири моҳ ба додгоҳ мефиристанд.

XS
SM
MD
LG