Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ Иззат Амонро 630 000 рубл қарздор донист. Наздиконаш мегӯянд, баъзе даъвоҳо беасосанд. ВИДЕО


Иззат Амон. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро шарҳ дод. Шариф Қурбонзода, масъули Додситонии кул, 13-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, алайҳи Иззат Амон 12 нафар ба мақомот муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “Иззат Амон аз соли 2014 то 2020 аз ин афрод барои озод кардан аз маҳбас, гирифтани иҷозати қайди муваққат ва бекор кардани депортатсия маблағ гирифтааст”.

Ин масъули Додситонии кул “зарари расондашуда аз ҷониби Иззат Амонро 630 ҳазор рубли русӣ ва ҳазор доллари амрикоӣ” зикр кард. Ҳарчанд наздикони Иззат Амон мегӯянд, ин даъвоҳо дуруст нест ва онҳо омодаанд, ҳар даъвои асоснокро ҷуброн кунанд.

Аз қатли Руфайда то ҷузъиёти парвандаи Иззат Амон дар нишасти Додситонии кулл
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Масъули Додситонии кулл афзуд, аз ҷониби Иззат Амон то ин дам 5 ҳазор рубл ҷуброн шудааст. Наздикони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, муфаттиш онҳоро бо шахсони даъвогар рӯ ба рӯ намекунад ва тафтишотро кашол медиҳанд.

Иззат Амон рӯзи 25-уми март аз Русия ихроҷ шуд ва як рӯз баъд мақомот аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаҳои боздошту истирдод ё рабуда шудани гунаҳкорон ба қаллобӣ дар даҳ соли охир тақрибан дида нашудааст ва ин ҳолат вижагии парвандаи Иззат Амонро ташкил медиҳад.

Таҳқиқи қазияро Вазорати корҳои дохилӣ анҷом медиҳад ва масъулини Додситонии кул гуфтанд, парвандаро то охири моҳ ба додгоҳ мефиристанд.

XS
SM
MD
LG