Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвоҳои нав дар парвандаи Иззат Амон. Наздиконаш гуфтанд, ӯ бо қарори додгоҳ дар ҳабси пешакӣ аст. ВИДЕО


Иззат Амон
Иззат Амон

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди Иззат Амон маълумоти нав нашр накардаанд, вале наздиконаш гуфтанд, сафи шикояткунандагон ба зидди ӯ дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи онҳо, шахсоне низ даъво мекунанд, ки ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон намешиносад.

Ба вакили мудофеъ маблағ додем, маълум нест, ки кори мо дар охир чӣ мешавад. Баъд мо рафта, аз рӯйи адвокат шикоят кунем, ки ту пули моро гирифтӣ, чаро кори мо буд нашуд?

Боздошт ва дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон фиристодани Иззат Амон интиқоди тунди муҳоҷиронро ба миён овардааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаби озодии ӯ садо медиҳад. Айни замон саҳифаҳои наздик ба мақомот наворҳои зидди ӯро нашр мекунанд.

Даъвогарон чӣ мегӯянд?

Хешовандони Иззат Амон бо мулоҳизаи эҷод нашудани мушкил намехоҳанд, ки номашон зикр шавад. Писари ҳомии ҳуқуқ, ки пештар бо расонаҳо суҳбат мекард, рӯзи 13-уми апрел ба зангҳои мо посух надод.

Яке аз пайвандони Иззат Амон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол даъвогарони наве пайдо мешаванд, ки Иззат Амон онҳоро намешиносад. Дар миёни афроди даъвогар шахсоне ҳам будаанд, ки солҳои пеш Иззат Амон вакили мудофеи онҳо буд.

Пайвандони ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, чунин даъвоҳо беасосанд, чун ҳар вакили дифоъ ҳаққи корашро мегирад. "Адвокат барои кораш ҳаққи хидмат мегирад ва кори Шумо ҳал мешавад ё не, касе кафолат намедиҳад. Масалан, ҳозир ба адвокат маблағ додем, маълум нест, ки кори мо дар охир чӣ мешавад. Баъд мо рафта, аз рӯйи адвокат шикоят кунем, ки ту пули моро гирифтӣ, чаро кори мо буд нашуд?" – мепурсанд пайвандони Иззат Амон.

Наздиконаш бори охир бо Иззат Амон рӯзи 12-уми апрел мулоқот кардаанд.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Даъвоҳои нав дар парвандаи Иззат Амон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Мақомот ба ҷуз аз нашри хабари боздошти Иззат Амон дигар ҳеч шарҳи расмие дар ин бора надодаанд. Танҳо маълум аст, ки алайҳи Иззат Амон бо иттиҳоми "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд ва аз рӯйи ин иттиҳом ба ӯ ҷарима ва ё то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.

"Ӯ дар ҳабси пешакӣ аст"

Пайвандонаш гуфтанд, Иззат Амон бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, феълан дар боздоштгоҳ аст.

Дар пайи эътирози муҳоҷирон аз боздошти Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пайдо шуданд, ки бархе афрод аз ҳомии ҳуқуқ интиқод карда, ӯро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Дар ин наворҳо, ки маълум нест таҳти чӣ шароите сабт мешаванд, даъвогарон мегӯянд, Иззат Амон солҳои пеш аз онҳо маблағ гирифта, дигар бозпас надодааст. Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора монанд будани макони сабт ва якхела будани шикоятҳо, ҳаққонӣ будани наворҳоро зери шубҳа мегузоранд. Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки нисбат ба Иззат Амон дар умум чанд нафар шикоят кардаанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониëни сиëсӣ, қароргоҳаш дар Аврупо, аз Анн Линде – раҳбари САҲА – хостааст, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон масъалаи Иззат Амонро дар миён гузорад. Ин созмон рӯзи 13-уми апрел дар номае ба Линде гуфт, "мо аз Шумо даъват мекунем, озодии фаврии Иззатулло Холов, як фаъоли ҳуқуқи инсонро, ки ғайриқонунӣ аз Русия интиқол ёфта ва дар Тоҷикистон дастгир шудааст, талаб кунед."

Анн Линде аз 11 то 15-уми апрел аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дидан мекунад, вале маълум нест, дар мулоқоташ бо мақомоти тоҷик дар бораи Иззат Амон чизе хоҳад гуфт, ё не.

"Суистифода аз моддаи 247"

Баъзе аз ҳуқуқшиносон қазияи Иззат Амонро ба боздошти чанд вакили мудофеи дигар монанд мекунанд. Аз ҷумла, ба қазияи вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки дар оғоз бар асоси шикояти мизоҷонаш боздошт шуда буд.

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, "мақомоти қудратии Тоҷикистон талаботи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, ки ҷазоро барои қаллобӣ пешбинӣ мекунад, интихобан истифода мебаранд. Дуруст ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Дувум, агар сарфаҳм ҳам раванд, ин як асбобе барои фишор ва зери назорат гирифтани он вакилони мудофеъ мебошад, ки фаъолтар ҳастанд."

Иззат Амон рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд ва пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ӯ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд.

Ӯ раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав буд ва пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони онҳо ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ-гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

XS
SM
MD
LG