Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомот ваъдаи раҳоӣ доданд." Писараш бо Иззат Амон дар Душанбе мулоқот кардааст. ВИДЕО


Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов

Писари Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бо падараш ним соат мулоқот кардааст ва феълан вазъи саломати ӯро "хуб" арзёбӣ мекунад. Муҳаммадюсуф Холов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мулоқот рӯзи 30-юми март дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, сурат гирифт.

Ба иттилои расмӣ, Иззат Амон рӯзи 27-уми март аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. Наздиконаш се рӯзи охир мегуфтанд, ҷойи нигаҳдории ӯро дар Душанбе намедонанд. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми март хабар дод, ки ӯ дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД аст.

Муҳаммадюсуф Холов мегӯяд, рӯзи сешанбе ва баъд аз муроҷиатҳои батакрор ба ӯ иҷозат додаанд, бо падараш суҳбат кунад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ваъда додаанд, падараш рӯзҳои наздик озод хоҳад шуд.

"Саломатиаш хуб буд. Мақомот ба худам ва ҳам ба падарам гуфтанд, ки зарари расондашударо баргардонем ва ӯ озод мешавад. Падарам ҳам ба озод шуданаш бовар дорад", -- афзуд Муҳаммадюсуф Холов.

Мақомот дар бораи эҳтимоли раҳоии Иззат Амон расман чизе нагуфтаанд.

Навори суҳбат бо ҳамсари Иззат Амон:

Ҳамсари Иззат Амон то ҳол дар бораи макони буду боши шавҳараш маълумот надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:11 0:00

Иззат Амони 48-сола, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав, сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷират ва эҷоди маҳдудиятҳои баёну ақидаро танқид мекард.

Ҷонибдоронаш рӯзи 25-уми март аз нопадид шудани ӯ хабар доданд. Дар як навори аз қабл сабтшуда Иззат Амон иддао кардааст, ки дастикам ним сол таҳти таъқиб қарор дошт афзудааст, ки ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе мефиристанд".

Ӯ дар идомаи суҳбати видеоӣ, ки шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.

Аз ин пеш додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор карда буд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст. Қаблан Иззат Амон гуфта буд, ки аз соли 1996 шаҳрванди Русия аст.

Мақомоти Русия то кунун чанд нафар аз тоҷикони бонуфузро дар Русия боздошт ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кардаву ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Соли 2017 шаҳрвандии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бекор ва худи ӯ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия, моҳи майи соли 2020, дар 57-солагӣ дар Тоҷикистон вафот кард.

Охири соли 2020 Додгоҳи ноҳияи Советии шаҳри Самараи Русия роҳбари маркази тоҷикон – "Пайванд" Саидасрор Мирзоевро ба риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор ва ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кард.

Шарҳҳоро бинед (50)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG