Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Музокироти нави Амрикову Русия баргузор мешавад


Раҳбарони Амрикову Русия моҳи июни имсол дидор доштанд
Раҳбарони Амрикову Русия моҳи июни имсол дидор доштанд

Расонаҳо рӯзи 20-уми июл гузориш доданд, ки Вашингтону Маскав тавофуқ кардаанд, то гуфтугӯҳои навро дар мавриди назорати силоҳ ҳафтаи оянда шурӯъ кунанд.

Бар асоси гузоришҳо, интизор меравад, музокирот 28-уми июл дар Женева баргузор шавад.

Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, навишт, ки раҳбарии ҳайати Русияро дар гуфтугӯҳо Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бар уҳда хоҳад дошт.

Мақомҳои амрикоӣ то ҳанӯз расман дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 20-уми июни имсол гуфта буд, музокирот дар нимаи моҳи июл баргузор мешавад.

Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар моҳи июн дар мавриди оғози гуфтугӯҳои стратегӣ созиш шуда буд.

XS
SM
MD
LG