Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти муаллифи карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад


Курт Вестергор
Курт Вестергор

Карикатуристи даниягӣ Курт Вестергор, ки асарҳои ӯ бо аксҳои паёмбари Ислом Муҳаммад вокуниши тунди мусулмононро ба бор оварда, боис ба эътирозҳои оммавӣ дар як қатор кишварҳо шуда буд, дар 87-солагӣ даргузашт.

Нашрияи даниягии "Берлингске" бо истинод ба хонаводаи Весторгор иттилоъ дод, ки рассом пас аз бемории тулонӣ фавтидааст.

Курт Вестергор аз оғози солҳои 80-уми асри гузашта бо нашрияи муҳофизакори "Юлландс-постен" ҳамкорӣ мекард ва соли 2005 маҳз дар саҳифаҳои ҳамин рӯзнома 12 карикатураи паёмбари Ислом нашр шуд. Мусулмонон ин карикатураҳоро таҳқир номиданд.

Нашри ин карикатураҳо хашми пайравони дини Исломро ба бор оварда, намояндагиҳои дипломатии Дания дар саросари ҷаҳон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Авҷи ин эътирозҳо ба моҳи феврали соли 2006 рост омада буд, ки он замон дар натиҷаи оташсӯзиҳо даҳҳо кас ҷон бохт. Дар худи Дания ҳам эътирозҳо сурат гирифта буд.

Моҳи январи соли 2015 дар натиҷаи ҳамла ба коргоҳи маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo" дар шаҳри Лондон, ки карикатураҳои "Юлландс-постен"-ро нашр карда буд, 12 кас ҷон бохт.

Вестергор низ баъд аз нашри карикатураҳо таҳдид шунида, ба ҷонаш низ кӯшишҳои сӯиқасд анҷом шуда буд. Хадамоти махсуси Дания соли 2008 гуфт, се нафарро бо гумони омодагӣ ба куштори рассом дастгир кардааст.

Курт Вестергор солҳои ахир маҷбур шуда буд, дар иҳотаи муҳофизон ва нишониҳои махфӣ зиндагӣ кунад.

XS
SM
MD
LG