Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot Русияро тарк кард


Вероника Никулшина, узви дастаи ҳунарии Pussy Riot, пас аз раҳо шудан боздошти дуввум дар тӯли камтар аз як моҳ, Русияро тарк кард.

Никулшина ба телевизиони "Дожд" гуфт, боздошти такрории ӯ барои итоат накардан ба амри кормандони полис буд. Никулшина гуфт, ки пас аз раҳоӣ аз зиндон рӯзи 17-уми июл фавран Русияро тарк кард ва афзуд, ки ба бовари ӯ мошини, ки вай ба фурудгоҳ мерафт зери назорат буд. Вай афзуд, ки накӯчидааст ва ният дорад эҳтимолан пас аз интихоботи қонунгузории ин кишвар дар моҳи сентябр ба Русия баргардад. Никулшина рӯзи 3-уми июл барои итоат накардан ба корманди полис ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум карда шуд. Вай пас аз ҳукми дигари 15-рӯзаи рӯзи 2 июл аз ҳабс озод карда шуд.

Pussy Riot соли 2012 замоне маъруф шуд, ки панҷ узви ин гурӯҳ ба калисои “Масеҳи наҷотбахш”-и Маскав даромаданд ва аз робитаҳои калисои ортодоксии Русия ва сарвазири вақт Владимир Путин, эътироз карданд. Эътирози онҳо аз иҷрои таронае, ки онро "намози панк" тавсиф кардаанд, замоне рух дод, ки Путин маъракаи пеш аз интихобитиро пеш мебурд.

Аъзои Pussy Riot Мария Алёхина ва Надежда Толоконникова бо иттиҳоми "авбошӣ бо адовати динӣ" айбдор дониста шуданд ва ду солро дар зиндон сипарӣ карданд. Вақте ки онҳо моҳи декабри соли 2013 мавриди афв қарор гирифтанд, муҳлати ҳукмҳои онҳо дар арафаи анҷомёбӣ буд.

Дар як ҳодисаи дигар, аъзои Pussy Riot - аз ҷумла Никулшина - финали Ҷоми футболи ҷаҳон-2018-ро дар Маскав, ки сабқат миёни мунтахаби Фаронса ва Хорватия бо либоси қалбакии полис ба майдон баромаданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG