Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи офати табиӣ дар Олмон беш аз 120 нафар ҳалок шудааст


Харобкории сел дар Олмон
Харобкории сел дар Олмон

Бар асари офати табиӣ дар Олмон роҳҳо, манзилҳои зист ва даҳҳо иншооти давлатӣ хароб шудааст.

Мақомоти Олмон мегӯянд, дар пайи сели як ҳафтаи охир зиёда аз 120 кас ҷон додааст ва эҳтимол шумори қурбониён афзоиш ёбад, чун ҳанӯз даҳҳо нафари дигар бенишон ҳастанд.

Сел ба беш аз 20 шаҳри Олмон харобӣ овардааст. Қисман Белгия ва Люксембург низ зарар дидааст.

Дар шаҳрҳое, ки офати табиӣ рух додааст, хатти барқ канда шудааст ва телефону интернет кор намекунад.

Ҳанӯз ҳам об аз маҳаллаҳои зист берун нашудааст ва кори наҷотдиҳандагонро мушкил кардааст.

XS
SM
MD
LG